Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ баъд аз ҷаласаи ШАД СААД

Муҳтарам намояндагони матбуот,
Муҳтарам хонумон ва ҷанобон,
Бо  эътимоди  пурра метавон тасдиқ кард, ки ҷаласаи кунунии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД  аз нуқтаи назари коркарди муносиботи умумии кишварҳои аъзо нисбат ба мушкилоти муҳими вазъияти муосири байналмилалӣ, баҳодиҳии хусусиятҳои он ва тамоюлҳои пешбарандаи вазъият дар ҷаҳон ва минтақа хеле самаранок буд.
Дар ҷаласаи мазкур фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ба ҳайси раиси СААД ҷамъбаст гардид.
Қариб дар нӯҳ моҳи фаъолият мо кӯшишҳои зиёди имконпазирро барои рушд ва таҳкими иқтидори созмонамон ва  баланд бардоштани сатҳи самаранокии фаъолияти он равона кардем. Ин амал дар чаҳорчӯби Нақшаи татбиқи масоили ҷаласаи декабрии соли гузаштаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва афзалиятҳои  дар давраи раисии мо дар СААД баёншуда доир шуд. 
Дар Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва мудофиа, Кумитаи котиботи Шӯрои амният, кумитаи ҳарбии созмон гузаронида шуд.
Ҳамзамон дар ин ҷо ҷамъомадҳои гурӯҳҳои кории мақомоти оинномавии СААД   оид ба масоили Афғонистон ва мубориза бо терроризму экстремизм, ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии кишварҳои аъзо, омашқҳои  махсуси тактикии ҷузъу томҳои таъйиноти махсуси “Раъд-2015”  муваффақона доир  шуданд.
Санҷиши ногаҳонии омодагии ташкилоти ҳарбии  Неруҳои муштараки вокуниши фаврӣ (НМВФ), СААД дар ҳудуди Тоҷикистон, ки аввалин чорабинии чунин шакл дар таърихи Созмони мо буд, доир шуда, сатҳи баланди малакаи ҷангии тамоми ҷузъу томҳоеро, ки ба ҳайати қувваҳои дастаҷамъӣ  шомиланд, нишон дод. Ин иқдом саривақтӣ ва пурра асоснок буда, моро зарур аст, ки таҷрибаи мазкурро идома диҳем.
Дар ҷаласа гуфтугӯи ошкоро дар мавриди ҳамкории мутақобила ва самтҳои афзалиятноки рушди созмон идома ёфт. 
Роҳбарони кишварҳо диққати заруриро ба хатарҳои ҷаҳонӣ ва минтақавии ба амнияти кишварҳои аъзои СААД таҳдидкунанда ва чораҳои имконпазири дастаҷамъии муқовимат дар дурнамои қобили мушоҳида равона карданд.
Дар ин росто мо ба зарурати ҳамкории ҳақиқӣ дар таҳкими амнияти сарҳадҳои ҷанубии минтақаи созмон, аз ҷумла қитъаи Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир кардем.
Мо як силсила чорабиниҳоеро ба нақша гирифтем, ки ба такмили корҳои мо дар чаҳорчӯби СААД равона гардидаанд. Инҳо- баланд бардоштани омодагии ҷангӣ ва таҷҳизи моддию техникии қувваҳои дастаҷамъӣ ва воситаҳо, зудамалии он, бо ин мақсад гузаронидани машғулиятҳои муштарак ва машқҳо, роҳандозии табодули доимии иттилоот ва маҷмӯи пурраи иқдомоти дигар оид ба таҳкими иқтидори созмон мебошад.
Ба масоили таҳкими алоқаҳои истеҳсолӣ миёни корхонаҳои саноати мудофиавӣ диққати зарурӣ равона мегардад.
Зикр гардид, ки минбаъд низ рушди ҳамаҷонибаи низоми омодагӣ ва бозомӯзии  мутахассисони касбии артиш, хадамоти махсус, сохторҳои сарҳадӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идораҳо оид ба бартараф кардани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ҳамчун самти   афзалиятноки ҳамкории стратегии мо бояд боқӣ монад.