Интихоботи парлумонии соли 2015 – ум дар Тоҷикистон ба поён расид

Раъйдиҳӣ дар интихоботи парлумонӣ дар саросари ҷумҳурӣ аз соати 6 субҳ оғоз шуда, то соати 20:00 идома ёфт.
Пас аз нимарӯзӣ Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён иттилоъ дод, ки аз рӯи натиҷаҳои пешакии бадастомада 74,33 фоизи раъйдиҳандагон дар интихоботи парлумонӣ иштирок намудаанд ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистонро баргузоршуда эълон кард.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон доир ба интихоботи парлумонӣ, агар беш аз 50 дарсади интихобкунандагон орои худро ба сандуқ рехта бошанд, он гоҳ интихобот баргузоршуда мебошад.
Натиҷаҳои пешакии интихобот тахминан соати 10- и 2 март мустақиман тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ эълон карда мешавад.

Тамошои онлайни гузоришҳо аз рафти натиҷагирии интихобот аз телевизионҳои давлатӣ:
Шабакаи якум
«Ҷаҳоннамо»
«Сафина»
«Баҳористон»