Ифтитоҳи бинои иловагии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд

24 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои нав нахуст бо пахши тугма ба фаъолияти телевизиони «Суғд» дар формати дақиқияташ баланди HD оғози расмӣ бахшиданд.

Намоиши барномаҳои телевизиони «Суғд» дар формати нав бо садо додани суруди миллӣ оғоз шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити муосири иттилоърасонӣ ва пешниҳоди барномаҳо дар студияҳои сабту пахши намоишҳо дидан намуда, бо ҳайати эҷодию кормандони техникии телевизион ва радио суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Зимни шиносоӣ ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии телевизион ва радио моҳи июни соли ҷорӣ оғоз гардида, дар муҳлати 5 моҳ аз ҷониби коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд.

Бино аз ду ошёна ва 24 утоқи корӣ, 4 студияи муосиру барҳавои сабту пахши барномаҳои телевизиониву радиоӣ, 9 танзимгоҳ, ошхона ва дигар шароити хизматрасонӣ иборат мебошад.

Айни ҳол дар шароити имрӯзаи Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд 100 нафар ва дар маркази техникии он 58 нафар фаъолият доранд. Гузаштан ба формати HD талаботи замон аст.

Бо дарназардошти ин ҳамаи дастгоҳу таҷҳизоти наворбардорӣ, тасвирбардорӣ, танзимгарӣ, сабти овоз ва ғайра дар телевизиони вилояти «Суғд» нав карда шуда, студияҳои мутобиқ ба талаботи замон ташкил гардидаанд. Аз ин пас коргарону мутахассисони идора бо истифода аз шароити муҳайёшуда барномаҳои телевизиониро бо сифати баланду ҷавобгӯ ба стандарти ҷаҳонӣ сабт ва пахш хоҳанд намуд.

Дар ошёнаи якуми телевизион студияи вертуалӣ, декоратсияҳо барои барномаҳои «Ахбор», «Шамими субҳ», барномаи мустақими фарҳангию фароғатии «Шоми дидор» ва декоратсияи замонавӣ барои ШОУ-барномаҳои сиёсӣ мутобиқ ба талаботи давру замон сохта шуда, дар он таҷҳизоти муосири равшанидиҳанда насб гардидаанд.

Бинои телевизион ва радиои «Суғд» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 5 моҳ бунёду таъмири пурра гардидааст.

Дар замони муосир нақши воситаҳои ахбори омма дар инъикоси ҳаёти рӯзмарраи мардум ва татбиқи сиёсати давлату ҳукумат хеле назаррас мебошад.

Телевизиони вилояти Суғд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ барномаҳо омода ва давоми 18 соат пахш мекунад.