Иштироки Пешвои миллат дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар Кохи Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд..
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Шӯро, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, роҳбарият ва аъзои фаъоли ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ташкилоту созмонҳо ва иттиҳодияҳои гуногуни ғайридавлатию ҷамъиятӣ, динию фарҳангӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат карданд.