Иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи парлумонӣ

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии рақами 15-и ҳавзаи интихоботии рақами 2-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, ба ҷонибдории ҳизб ва номзадҳои интихобнамудаи худ овоз дод.
Ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба участкаи интихоботии мазкур ва овоздиҳии ӯ дар ҳузури нозирони сершумори байналмилалӣ ва намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои сиёсию ҷамъиятӣ ҷараён гирифт.
Тавре аён гардид, дар интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сокинони маҳаллаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, ки участкаи рақами 15 дар он қарор дорад, чун ҳамаи мардуми кишвар басо фаъоланд.
Иштироки васеи мардум дар интихобот аз фаъол будан дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва аз сатҳи баланди донишу маърифат ва ҳисси масъулиятшиносии онҳо ва ҳамчунин аз ҷонибдории сокинон аз фазои сулҳу осоиш ва суботу эътидоли иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди фарҳангии ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.