Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади идона ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ, ки ҳамасола 28 декабр ҷашн гирифта мешавад, бо роҳбарону масъулони як қатор воҳидҳои сохтории Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд.

Зимни суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нақши кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, таъмини амнияти миллӣ ёдовар шуда, ба фарзандони содиқи Ватан ва ҳомиёни марзу буми кишвар барои иҷрои хизматҳои шоиста изҳори миннатдорӣ намуданд.

Сарвари давлат аз шароити душвору печида ва мураккаби ҷаҳони муосир, авҷ гирифтани амалҳои террористӣ дар аксар давлатҳои сайера изҳори нигаронӣ намуда, таъкид карданд, ки аз ҳар як хизматчии низомӣ маҳорати баланди касбӣ, ҳушёрӣ ва садоқат ба давлату миллат талаб карда мешавад.

Зимни таҳлили фаъолияти ниҳоди мазкур давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари дастовардҳо, ҳамчунин Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ аз як қатор камбудиҳо, аз ҷумла, қочоқи маводи мухаддир, набудани интизоми ҳарбӣ миёни ҷузъу томҳои қушунҳои сарҳадӣ ва қонуншиканиҳо зимни ҳифзи сарҳади давлатӣ ёдовар шуда, аз роҳбарияти Кумита ислоҳи камбудиҳоро дар муҳлатҳои муайян талаб намуданд.

Ҳодисаҳои чанд моҳи охир дар сарҳади давлатӣ бо кишвари ҳамсояи Афғонистон рухдода собит намуданд, ки дар ин самт, яъне пурзӯр намудани интизом ва тақвияти неруҳои сарҳадӣ корҳои зиёде бояд ба анҷом расонда шавад. Аз шароити хизмат, машқу тамрин ва гузаронидани чорабиниҳои омӯзишии зиёд ёдовар шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки дар як соли охир даҳҳо дидбонгоҳу гузаргоҳҳои сарҳадӣ, таълимгоҳҳо ва шароити зисту истироҳат бунёду мавриди истифода қарор гирифт. Сол то сол таъминот бо яроқу техника ва дигар муҳимоти ҷангӣ хубтару беҳтар шуда, сафи мақомоти мазкур аз ҳисоби афсарони ҳирфавӣ пурра мегардад.

Ба андешаи Пешвои миллат, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз дар назди мақомоти амнияти миллӣ истодааст, ин пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастур доданд, ки ҷиҳати ҳарчӣ тезтар ба Ватан баргардонидани чунин афрод ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо чораҳои амалӣ андешида, дар шароити таҳдидҳои гуногуншакли террористӣ, ки ҳамарӯза дар нуқтаҳои мухталифи сайёра амалӣ карда мешаванд, роҳу усулҳои муборизаро низ тақвият бахшанд, то тавонанд бо ин зуҳуроти нангин муборизаи беамон баранд.

Дар охири суханронӣ бори дигар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳуриро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар роҳи иҷрои рисолати бузург-ҳимояи неъматҳои муқаддасу беназир озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ барору комёбиҳо орзу намуданд.

Дар ҷамъомади имрӯза бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Мансурҷон Умаров “Рутбаи навбатии ҳарбии генерал-лейтенант”, ба муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Нусратулло Мирзоев “Рутбаи навбатии ҳарбии генерал-майор” ва ба Сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон Шомуддин Шарифов -“Рутбаи навбатии ҳарбии генерал-майор” дода шуд.