Иштирок дар консерти бошукӯҳи Шашмақом

Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Шашмақом консерти бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Барномаи дилошӯби бахшида ба Рӯзи Шашмақом бо ворид шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба толори зебою мунаққаши театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз ёфт.
Дар консерти идона ҳунармандони ансамбли давлатии Шашмақом ба номи Фазлиддин Шаҳобов, ансамбли давлатии Фалак, гурӯҳҳои рақсии Гулрез, Лола, филармония давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ва дигар номварони санъати тоҷик ҳунарнамоӣ карда, рушди бонизоми ин жанри волои санъати мусиқии миллиро дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон намоиш доданд.
Ҷойи таъкид аст, ки санъати Шашмақом бо ворид карда шуданаш ба номгӯи ёдгориҳои санъати шифоҳии ҷаҳон аз ҷониби созмони байналмилалии ЮНЕСКО имрӯз чун Наврӯзи оламафрӯз ҷаҳонӣ гардидааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ҳузури худ дар ин консерти идона ба аҳли ин санъати воло рӯҳу илҳоми тоза бахшид, дар фароварди барномаи ҳунарӣ ба маҳорати санъаткорон баҳои баланд дод ва ҳамзамон барои таъмини рушду такомули бештару беҳтари Шашмақом, аз ҷумла интихоб ва таълиму тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадори соҳа ва саҳмгузорӣ дар тарбияи ҳисси ифтихору сарфарозии насли наврас аз фарҳанги миллии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои судбахш дод.