Иштирок дар Паради ҳарбии 70 солагии ғалаба бар фашизм

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Сурхи шаҳри Маскав шоҳиди Паради ҳарбии бахшида ба солгарди 70-ум аз ғалабаи бузург бар фашизми гитлерӣ гардид.
Ба ин муносибат ба шаҳри Маскав сарони давлатҳо ва ҳукума7тҳои беш аз 30 кишвари ҷаҳон ташриф оварданд.
Меҳмонони олимақомро Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин истиқбол гирифт.
Сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои воломақом ба болои минбари тамошогоҳ гузашта, нахуст собиқадорони ҷангро, ки зиёда аз 2 ҳазор нафар аз кишварҳои гуногуни дар он пирӯзии бузург саҳмгузошта ҷамъ омада буданд, табрику таҳният гуфтанд.
Дар Паради ҳарбии бошукӯҳи бахшида ба ин санаи пурифтихор беш аз 16 ҳазор афсарону сарбозон аз Федератсияи Русия ва кишварҳои зиёди дигар иштирок намуданд. Дар миёни онҳо як воҳиди низомии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳам ширкат варзид. Хотиррасон бояд намуд, ки дар ҷанги бузурги зидди фашизми гитлерӣ зиёда аз 300 ҳазор фарзандони Тоҷикистон ҳам саҳми намоён гузошта, қариб 100 ҳазори онҳо барои таъмини ғалаба ва ҳаёти осоиштаи наслҳои оянда ҷони худро фидо кардаанд. Беш аз 60 нафари онҳо бо унвони олии қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардидаанд.
Тавре борҳо зикр гардид ва ҳам ба ҳамагон аён буд, Паради ҳарбии 70-солагии Ғалабаи бузург бо иштироки шумораи зиёд ва намунаҳои навтарини техникаи ҳарбии заминию ҳавоӣ аз бузургтарин чунин чорабиниҳо дар таърихи муосири Федератсияи Русия аст.