Конститутсия – бахтномаи миллат

«Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷи¬кистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд.
Маҳз аз ҳамин хотир, қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳаммияти бузурги таърихиву сиёсӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ҷониби дигар, бо иродаи озодонаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардидани Конститутсия баёнгари маданият ва ҷаҳонбинии пешрафтаи ҳуқуқии халқи тоҷик мебошад.
Аз ин рӯ, ин санади олии ҳуқуқӣ, воқеан, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти мамлакат ва дастоварди муҳимтарини даврони истиқлол шуморида мешавад».
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон