Кумитаи Телевизион ва Радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Дастгоҳи марказӣ

  1. Сардори Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ– 2100,50 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1040 сомонӣ
  3. Мутахассиси пешбари Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 806 сомонӣ.    
  4. Муовини сардори  Раёсати  иқтисод ва баҳисобгирии бухгалтерӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ –  1978,70 сомонӣ.
  5. Сармутахассиси Раёсати иқтисод ва баҳисобгирии бухгалтерӣ- 2 ҷой, маоши мансабӣ-  1040,00 сомонӣ.
  6. Сармутахассиси Раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1040,00 сомонӣ.
  7. Сармутахассиси бахши ҳуқуқи Раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1040,00 сомонӣ.
  8. Сармутахассиси бахши истеҳсолӣ-техникӣ- 1 ҷой маоши мансабӣ-1040,00сомонӣ

Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ

  1. Муовини сардори Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ 1795,40 – сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари бахши назорати барномаҳои Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 769 сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳи ҳол;
- нусхаи диплом;
- 2 дона расми 3х4;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома (справка- объективка).

Барои ишғоли мансаби сардори Раёсат

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон.

Барои ишғоли мансаби муовини сардори Раёсат

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон.

Барои ишғоли мансаби сармутахассис

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз 31 (Хонаи Радио),
Телефон барои маълумот 227-65-69. суроғаи электронӣ: info@ktr.tj.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.