Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶумҲурии Тоҷикистон Барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд.

Дастгоҳи марказӣ:

  1. Муовини сардори раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансаби – 1874,5 сомонӣ;
  2.   бахши ҳуқуқи раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ –  1 ҷой, маоши мансабӣ – 1196 сомонӣ;
  3. Мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқи раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 926,9 сомонӣ;
  4. Сармутахассиси раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1196 сомонӣ;
  5. Сармутахассиси бахши техникӣ ва таъминоти ҳуқуқии Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1196 сомонӣ;

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  1. ариза ба унвони роҳбари мақомот;
  2. варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
  3. шарҳи ҳол;
  4. нусхаи диплом;
  5. 2 дона расми 3х4;
  6. нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  7. нусхаи шиноснома;
  8. маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
  9. нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
  10. маълумотнома аз ҷои истиқомат;
  11. маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  038 УЕ;
  12. нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
  13. нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
  14. маълумотнома (справка- объективка).

Барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат

  1. таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  2. 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  3. дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
  4. малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишғоли мансаби сармутахассис

  1. таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  2. 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  3. малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

  1. таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  2. 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз 31 (Хонаи Радио),
Телефон барои маълумот 227-65-69, 227-59-79 суроғаи электронӣ: info@ktr.tj.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.