Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳо озмун эълон менамояд

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии 1 сардори раёсат ва 1 мутахассиси пешбари ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ, 1 муовини сардори раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 сармутахассиси бахши ҳуқуқи раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 муовини сардор ва 1 мутахассиси пешбари раёсати иқтисод ва баҳисобгирии муҳосибӣ ва 1 мутахассиси пешбари бахши техникӣ ва таъминоти ҳуқуқии Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ОЗМУН  эълон менамояд.

Талабот ба довталабон:

Таҳсилоти олӣ:  рӯзноманигор, муҳосиб, техникӣ ва ҳуқуқшинос.
Собиқаи умумии меҳнатӣ на кам аз 1 то 7 сол ва хизмати давлатӣ на кам аз  2 то 6 сол.

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1  пешбинигардида;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли  038 УЕ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);
- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.02.2020, №1458);
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома (справка- объективка).

Музди миёнаи меҳнат аз 1021 (ҳазору бисту як,) сомонӣ то 2883 (ду ҳазору ҳаштсаду ҳаштоду се)  сомонӣ.

Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Шероз  31 (Хонаи Радио), телефон барои 

маълумот 227-65-69, 227-59-79.

Маълумоти бештарро метавонед аз сомонаи www.ktr.tj  дастрас намоед.

Қабули ҳуҷҷатҳо то 21 рўз пас аз нашри эълон.

Ҳуҷҷатҳои шахсони аз озмун нагузашта баргардонида мешаванд.