Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон мекунад

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳо аз рўи касбҳои муҳаррир, шореҳ, коргардон, наворбардор, наттоқ, продюссер, дизайнер, менеҷер дар Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон ва шабакаҳои Радиои Тоҷикистон озмун эълон менамояд.

Талабот ва шурути зарурӣ барои иштирокчиёни озмун:

Барои МУҲАРРИРИ БАРНОМА

  • маълумоти олӣ, шиносоии комил бо адабиёт ва драматургия; 
  • қобилияти мулоҳизаронӣ ва таҳлилкунӣ; 
  • навиштан ва таҳрири сенария;
  • кор бо компютер;
  • донистан ва риоя кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • қоидаҳои имло ва маъёрҳои забони адабии тоҷикӣ;
  • хусусияти жанрҳо ва стандартҳои муосири журналистикаи телевизион ва радиоӣ;
  • синни аз 23 то 55 сола;


Барои ШОРЕҲ:

  • маълумоти олӣ;
  • донишҳои касбӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ;
  • қобиляти мулоҳизаронӣ ва таҳлилкунӣ дар заминаи маълумотҳои расмӣ, оморӣ, илмӣ, маводи воситаҳои ахбори омма ва интернет;
  • шиносоии комил бо қоидаҳои забони адабии тоҷикӣ ва меъёрҳои қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • синни аз 23 то 45 сола;


Барои КОРГАРДОН

  • маълумоти олӣ;
  • шиносоии комил бо адабиёт ва драматургия, асосҳои режиссура (аз ҷумла, режиссураи телевизион, режиссураи мусиқӣ, режиссураи овоз ва ғайра);
  • қобиляти истифодабарӣ аз барномаҳои компютерӣ, донистани хусусиятҳои техника ва технологияи замонавии танзими барномаҳо;
  • донистан ва риоя намудани меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • сини аз 23 то 45-сола;


Барои НАВОРБАРДОР

  • маҳорати баланди истифодабарӣ аз композиция, ранг, равшанӣ, камера ва дигар техникаю таҷҳизоти муосири рақамӣ ва оптикӣ;
  • дида тавонистани миқёси воқеа;
  • гирифтани наворҳои ғайримуқаррарӣ;
  • вокуниши фаврӣ вобаста ба тағйири вазъият;
  • пайвастани ҷузъ бо кулл;
  • ҳолати хуби ҷисмонӣ;
  • сини аз 20 то 35-сола;


Барои НАТТОҚ

  • маълумоти олӣ;
  • нутқи буро, овози бенуқс ва хотирмон;
  • чеҳраи ҷаззоб;
  • маҳорати актёрӣ;
  • шиносоӣ бо асарҳои адабиёт;
  • маводи воситаҳои ахбори омма;
  • донистани меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ (ба донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад);
  • хусусияти жанрҳои телевизион;
  • кор бо компютер;
  • синни аз 20 то 30 - сола;


Барои ПРОДЮССЕР

  • маълумоти олӣ;
  • донишҳои кофии ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ;
  • шиносоӣ бо хусусиятҳои кори муҳаррир, коргардон, наворбардор, равшанидиҳанда, танзимгар, дизайнер, менеҷер ва баҳо дода тавонистан ба фаъолияти касбии онҳо;
  • маҳорати ҳамкории самарабахш бо шарикон, фарҳанги баланди муошират;
  • қобилияти дақиқ муайян сохтани равандҳои ҷомеа, шароити бозор, талаботи бинанда ва шунаванда;
  • кор бо компютер;
  • донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
  • синни аз 25 то 45-сола;


Барои ДИЗАЙНЕР

  • маълумоти касбӣ;
  • шиносоӣ ба хусусиятҳои ҳунари тасвирӣ, усулҳои композитсияи мусаввар, ороиши графикӣ, технологияи сохтани барномахои телевизионӣ, маҳорати эҷоди услуби хос барои барнома ё шабакаи алоҳида;
  • истифодаи моҳирона аз барномаҳои махсуси компютерӣ аз қабили «Афте эффектс», «Премайр», «Фотошоп», «Иллюстрейтор», «Финалкат», «Сридимекс», «Флеш» ва мустақилияти касбӣ;
  • кори пурсамар дар командаи ягона;
  • донистани меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ (ба донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад);
  • сини аз 23 то 40- сола;


Барои МЕНЕҶЕР

  • дарёфти фармоишгарони реклама дар шабакаҳои телевизион ва радио;
  • фарҳанги баланди муошират;
  • донистани меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ ва риоя кардани талаботи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба реклама;
  • ба донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад;
  • сини аз 20 то 45 сола.


Ғолибони озмун ба тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба кор қабул карда мешаванд. Музди миёнаи меҳнат аз 700 то 2000 сомонӣ.

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро бо лоиҳаҳо ё намунаи дар диск сабтшудаи корҳои эҷоддиашон аз 15 июн то 17 июли соли 2015 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Чапаев 31, Раёсати баҳисобгирии кадрҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд.

Телефон барои тамос: 227-65-69
Рўзҳои баргузории озмун аз 21 то 24 июли соли 2015