Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумат натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2015 таҳлил ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2016 муайян мегардад.
Маҷлиси васеи ҷамъбастӣ бо иштироки роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони идораҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, дигар мақомоти марказӣ, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бонкҳои саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул сурат мегирад.
Зимни ҳисобот ва пурсишу посухҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ ва иқтидори содиротӣ, муҳайёсозии ҷойҳои корӣ, иҷрои пурра ва босифати қисми даромади буҷети давлатӣ, сарфакорона ба роҳ мондани хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа зоҳир карда мешавад.
Дар оғози кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2015 ҳисобот дод.
Таъкид гардид, ки новобаста аз таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллии кишвар мардуми Тоҷикистон бо амалӣ кардани як қатор тадбирҳо дар соли 2015 ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар соли 2015 ҳаҷми Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ 6 фоиз афзоиш ёфта, 48,4 миллиард сомониро ташкил дод. Дар ин давра барои дастгирии буҷаи давлат 450 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ 15,7 миллиард сомонӣ ҷудо гардид. Давоми соли 2015 қисми даромади андози суғуртаи иҷтимоӣ 82 фоиз иҷро шуда, дар натиҷа 255 миллион сомонӣ ба буҷа ворид нагардид. Бақияи қарзҳо ба ҳолати 1 декабри соли 2014 - 653 миллион сомониро ташкил дод. 
Дар кори маҷлиси Ҳукумати кишвар инчунин ҳисооботи Вазири молия Абдусалом Қурбониён ва раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода шунида шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба иҷро нагардидани дурнамои истеҳсоли пахта, ки яке аз роҳҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ аст, таъмин нагардидани нақшаи даромади андоз, ҷамъоварии ғайриқаноатбахши ҳаққи истифодаи нерӯи барқ изҳори нигаронӣ карда, супориш дод, ки назорат барои ислоҳи камбудиҳо пурзур карда шавад.
Дар робита ба пешгирии васлу насби дастгоҳҳои гуногуни худсохти гармидиҳанда ва истифодаи самараноки неруи барқ супориш дода шуд, ки то охири соли 2016 тамоми сохторҳои давлатӣ ба системаи гармидиҳанда пайваст карда шавад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмудинов ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Рустами Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳо дар соли 2015 ҳисобот доданд.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Бонки миллӣ Нурмуҳаммадзода Ҷамшед дар бораи тадбирҳо вобаста ба беҳдошти низоми бонкдорӣ, қурби асъори миллӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода оид ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, таъсиси коргоҳҳои нав, Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, Раиси Ширкати Саҳҳомии  Холдингии Кушодаи Барқи тоҷик Мирзо Исмоилзода дар бораи вазъи энергетикии мамлакат, тадбирҳо вобаста ба пешгирии талафоти неруи барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи барқ, ҳамчунин директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии Нерӯгоҳи барқии обии Роғун Хайрулло Сафарзода, Вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода гузориш доданд.