Модар ҷашнат муборак!

«Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад… Зан – модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад».
Пешвои миллат
Занону модарони азизро бо Рӯзи модар табрику таҳният намуда, барояшон рӯзгори нек, саодатмандӣ, сарбаландӣ ва тамоми муваффақиятҳои зиндагиро таманно менамоем. Бигзор чеҳраи пуртабассум ва нигоҳҳои пур аз меҳри Шумо зиндагии моро нуру саодат бахшад. 
Бори дигар ин ҷашни фархунда бароятон муборак бошад, модарону бонувони арҷманд.
Кумитаи телевизин ва радио