Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони кишварҳои иштирокчии Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС

Дар доираи Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сиси, Президенти Бразилия Мишел Темер, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Мексика Энрике Пеня Нето, Президенти Гвинея Алфа Конде, Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума, Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба мулоқотҳои самимию дӯстона анҷом доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ин мулоқотҳои судманд бо сарони кишварҳои номбурда тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳро баррасӣ карданд.