Мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси ниҳоди “СММ-Об”, Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо

Нимаи дуюми рӯзи 22 марти соли 2018 дар шаҳри Ню Йорк дар ҳошияи Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси ниҳоди “СММ-Об”, Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгборо ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо барои ба вазифаи Раиси ниҳоди “СММ-Об” таъин шуданашон табрик намуданд.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо бояд аҳамияти об — захираи муҳими инсониро барои рушди соҳаҳои мухталифи кишварҳо ва ҳифзи онро барои наслҳои оянда хуб дарк намоем ва Тоҷикистон кишвари фаъол дар пешбурди масъалаҳои об ва муаллифи аксари ташаббусҳои байналмилалӣ дар ин соҳа мебошад.

Раиси ниҳоди “СММ-Об”, Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо дар навбати худ ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари кишвари ташаббускору пешоҳанг дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ, истифодаи самараноки захираҳои обӣ, заҳматҳои хастанопазир ва талошҳояшон баҳои баланд дода, нақш ва ҳузури Сарвари давлатро дар Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ҳалкунанда номиданд.

Ҷонибҳо эълон намудани соли 2003 — Соли оби тоза, солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва соли 2013 ба ҳайси “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”-ро аз тарафи Тоҷикистон аз ҷумлаи ташаббусҳои бобарор арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки ҳадафу вазифаҳои Даҳсола аз рушди устувор, мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, роҳандозӣ ва пешбарии барнома ва лоиҳаҳои дахлдор, тавсеаи ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳама сатҳҳо иборат мебоша ва бо итминон метавон гуфт, ки ин Даҳсола низ барои расидан ба ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об ва ҳифзи ин неъмати бебаҳо барои наслҳои оянда мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси ниҳоди “СММ-Об”, Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо ҷиҳати иштирок дар Конфоронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” даъват ба амал оварданд.

Бо нишони ҷонибдорӣ аз талошҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷилберт Хунгбо омодагии худро ҷиҳати иштирок дар Конфоронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” иброз дошт.