Наврӯз – арзишмандтарин мероси ниёгон…

Наврӯз беш аз шаш ҳазор сол таърих дошта, бо ойину расму рамзҳои нави башардўстона ба рӯзҳои мо расидааст. Эҳёи навини Наврўз вобаста аст ба истиқлолият, ки ин аз талошу ҳадафҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон буда, он фазилатҳои зиёде дорад, ки метавон солҳои сол дар бораи он нақлҳо карда китобҳо нависанд ва аз сулҳу ваҳдати миллӣ тараннум кунанд.
Наврўз аз дин қадим аст, хайрхоҳу некхоҳ, пайку паёми шукуфоӣ, тозагӣ, бахшидани гуноҳҳо, душманро бо душман дўст кардан ва баландтарин суннатҳои инсонӣ мебошад.
Вожаи Наврўз дар забонҳои қадимаи эронӣ, суғдӣ дар гуфтори кунунӣ шохаҳои тоҷикии забони форсӣ маҳфуз аст, ба маънои рўзи тоза, рўзи равшан, рўзи дурахшида тасвир шудааст. Чи хеле, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханҳояшон гуфтаанд, солҳои пеш дар омад-омади баҳор, иди Наврўз хонаҳоро тоза мекарданд, либосҳои чиркинро мешустанд, чизҳои чинӣ ба монанди пиёла чойник, косаву табақчаҳои шикастагиро аз хона бароварда мепартофтанд ва ҳатто Ҷаноби Олӣ нақл карданд, ки модарамон моро маҷбур мекарданд, ки мўйҳои сарамонро тоза тарошем, ки ин сиёҳи аз байн равад.