Нашри маводи конфронси «Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» ва даъвати хабарнигорон барои омӯзиш дар Академияи ВАО

Нашриёти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи конфронсеро, ки 12 маи соли равон дар шаҳри Хоруғ таҳти унвони «Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид, ба нашр расонд.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода зимни мулоқот бо гурӯҳе аз хабарнигорони идораи радио ва телевизиони ВМКБ ин дастурамалро ба онҳо тақдим карда, гуфт, ки аксарияти маводи нашршуда ба мавзӯъҳои хеле муҳими ҷомеаи муосир бахшида шудааст ва аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Яке аз проблемаҳои ҷомеаи журналистӣ дар замони муосир, ин такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони ВАО мебошад. Бо ин мақсад соли равон Муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Тоҷикистон ташкил ёфт ва минбаъд мутобиқи ҷадвал кормандони расонаҳои марказӣ ва минтақавӣ ба омӯзиш ҷалб карда мешаванд.
Шароити феълӣ аз мо тақозо мекунад, ки ҳар як хабарнигор бо шеваи кори чандрасонаӣ шиносоӣ дошта бошад ва дар як вақт ҳам барои расонаҳои тасвирию савтӣ ва ҳам ҷопӣ мавод таҳия карда тавонад.
Ба гуфтаи Зинатуллоҳ Исмоилзода, замони имрӯза замони ҷомеаи иттилоотӣ аст, ки дар он авлавиятро равандҳои иттилоотӣ фаро мегиранд ва ҳар касе аз он дур монд, ба буҳрон мувоҷеҳ мегардад.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гуфт, ки баъди бозгашт ба пойтахти кишвар чанд нафар аз кормандони эҷодию техникии телевизиони Бадахшонро барои омӯзиш даъват хоҳанд кард.