Нишасти мабуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар бинои Кумитаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти Кумита ва сохторҳои зертобеъи он дар соли 2021 баргузор гардид.

Нахуст Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид мухтасар доир ба фаъолияти Кумита ва воҳидҳои сохтории он баромад намуда, аз ҷумла зикр кард, ки дар соли 2021 Кумита фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати мамлакат ба роҳ монда, соли 2021-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд.

Доир ба фаъолияти ҳайатҳои эҷодию техникии шабакаҳои телевизиону радио ва дастаҳои ҳунарии Кумита Нуриддин Саид изҳор дошт, ки бахшида ба ҷашнҳои давлатию миллӣ, чорабиниҳои сатҳи баланди минтақавию байналмилалӣ ва санаҳои муҳими таърихии мамлакат, аз ҷумла ҷашни Сада, Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, Ҷашни байналмилалии Наврӯз, Рўзи фалак, Рўзи шашмақом, Рўзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷашни Тиргон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи забони давлатӣ, Рўзи Конститусия, иди Меҳргон, Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Парчами давлатӣ мунтазам барномаҳои калонҳаҷми ҷашнии телевизиониву радиоӣ, филмҳои мустанад, оҳангу сурудҳои нав, видеороликҳо ва хабару гузоришҳо таҳия ва пешниҳоди тамошобинону шунавандагон карда шуд.

Ҳамчунин дар  ин давра Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои сатҳи баланди давлатию миллиро ҳам ба таври мустақим ва ҳам дар шакли сабту танзим пахш намуд.

Дар соли 2021 ҳамчун муассисаи алоҳида ба фаъолият шурўъ намудани ду шабакаи нави телевизионӣ - «Илм ва табиат» ва “Шаҳнавоз”-ро роҳбарияти Кумита яке аз дастовардҳои соҳа номида, афзуд, ки ҳоло корҳо барои ифтитоҳи Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2021, №272, таъсис дода шудааст, бо маром идома доранд. Корҳои таъмиру навсозӣ дар бинои телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, инчунин, кашондани хати нахи нурӣ аз бинои телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” то бинои Маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизионии №1 бо дарозии 9000 метр, гузарондани оби гарм ва хатҳои телефон қариб ба итмом расидааст. Дастгоҳу таҷҳизоти муассисаи мазкур низ истеҳсоли кишварҳои Аврупо мебошад, ки дорои сифат ва дақиқияти баланди пахши навору садо аст. Тибқи нақша телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврўз ба фаъолият шурўъ менамояд.

Зикр шуд, ки фоизи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши телевизиони рақамӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2021-ум 78,7% -ро ташкил медиҳад.

Фоизи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши шабакаҳои давлатии радиоӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2021 бошад, 88,6%-ро дар бар мегирад.

Бино ба иттилои раиси кумита соли 2021 бори нахуст кормандони Кумита дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуда, 5 нафари онҳо дар даври ҷумҳуриявии озмун соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Дар ҳамин ҳошия, соли 2021 бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонию шеърдонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, баланд бардоштани маҳорати эҷодию суханварӣ ва малакаи касбию ҳунари ровигӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавии кормандон дар Кумита бори аввал озмуни адабии “Эъҷози сухан” аз рўйи ду номинатсия: “Китобхонӣ” ва “Шеърдонӣ” баргузор карда шуд, ки дар он беш аз 160 корманди воҳидҳои сохторӣ асосан аз ҳисоби кормандони эҷодии шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ иштирок намуданд.

Дар заминаи озмунҳои  “Эъҷози сухан” ва “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Кумита маҳфилҳои илмию адабии “Сеҳри сухан” (барои дўстдорони сухану ҳунари ровигӣ), “Навқалам” (барои алоқамандони шеъру шоирӣ) ва “Хирадмандон” (барои дўстдорони китобу китобхонӣ) ташкил гардид, ки машғулиятҳои онҳо ҳар моҳ як маротиба баргузор карда мешаванд.

Ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байналмиллалӣ роҳбарияти Кумита изҳор дошт, ки соли 2021 ба хотири густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи дўстии “Ҷумҳурии Корея – кишварҳои  Осиёи Марказӣ” дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ барномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, ҳамзамон, лоиҳаи Протоколи ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати телевизион ва радиои Ҷумҳурии Туркия ва пешнависи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳия ва ҷиҳати баимзорасонӣ пешниҳод карда шуд.

Ҳоло Кумитаи телевизион ва радио бо 19 давлат дар соҳаи телевизион ва радио ҳамкорӣ дорад.  

Таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳли ҳунарӣ ҷумҳурӣ озмуни «Навои Истиқлол» эълон  карда шуд. Дар даври ниҳоии озмун 20 асари мусиқӣ қабул гардид. Аз 10 нафар ғолибон 7 нафар ҷойҳои ифтихориро аҳли эҷоди Кумита соҳиб гардиданд. Асарҳои қабулгардида ба ҳамаи барномаҳои ҷашнӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд. Дар ин давра Мактаби кўдаконаи рақсии «Меҳрона» ва дар назди Маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунарӣ ва мусиқӣ барои барномаҳои телевизион ва радиои Кумита шўрои мусиқӣ таъсис дода шуд.

Дар масъалаи такмили тахассус ва бозомӯзии ҳайати эҷодӣ ва кормандони техникии сохторҳои Кумита Нуриддин Саид изҳор намуд, ки дар Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон беш аз 20 машғулияти омўзишӣ гузаронида, ба 185 нафар сертификат додааст.  Аз ҷумла, 93 сертификат ба кормандони телевизион, 28 -то ба кормандони радио, 44-то ба кормандони нашрияҳо, 20-то ба кормандони техникии телевизион дода шуд. Бо 22 нафар устодони соҳибтаҷриба шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.

Намояндагони васоити ахбори омма ба саволҳои худ оид ба дигар паҳлӯҳои фаъолияти кумита ва сохторҳои он посух гирифтанд.

Котиби матбуоти Кумита
Иброҳим Аҳмад