Озмун дар телевизиони «Варзиш»

Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав ва нафарони боистеъдод, озмун эълон менамояд. Озмун барои ишғоли вазифаҳои мазкур гузаронида мешавад:
Муҳаррири варзида
Муҳаррир
Коргардон
Наттоқ
Шореҳ
Муҳандиси студия
Маркетолог
Мудири хоҷагӣ
Дар озмун нафароне иштирок карда метавонанд, ки дорои таҳсилоти олӣ, дониши хуб дар риштаи варзиш, ҳунари шореҳӣ, маҳорату малакаи суханварию наттоқӣ, хабарнигорӣ, таҳияву тадвини барномаҳо, таҷрибаи хоҷагидорӣ мебошанд.
Мўҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳои довталабон 15 январи 2017с. муқаррар шудааст.
Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи tvvarzish@gmail.com пешниҳод намоянд.
Довталабони беҳтарин барои суҳбати касбӣ даъват карда хоҳанд шуд. Барои иттилои бештар бо телефони 2219064 дар тамос шавед.