Оғози маъракаи интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон

 1 март соати 6-и субҳ дар саросари мамлакат интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоатҳо оғоз ёфт.

Бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба палатаи поёнии парлумон 41 вакил - аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот ва мувофиқи рӯйхатҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот 22 нафар вакил, ҷамъ 63 нафар интихоб карда мешаванд.

Дар интихоботи имсола намояндагони 8 ҳизби сиёсии кишвар-Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Демократи Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби Комунистии Тоҷикистон, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Мувофиқи рӯйхатҳои пешниҳоднамудаи ҳизбҳо дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 103 нафар ва дар 41 ҳавзаи интихоботии якмандатӣ 185 нафар ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла, 79 нафар номзадҳо ба тариқи худпешбарӣ мебошанд. 

Барои гузаронидани интихобот зиёда аз 4 миллиону 408 ҳазор бюллетени овоздиҳӣ чоп карда шудааст. 

Овоздиҳӣ, мувофиқи қонунгузории интихоботӣ соати 6 - и субҳ шурӯъ гардид. Участкаҳои интихоботӣ дар қаламрави Тоҷикистон соати 20 - и шом баста мешаванд. 

Мавриди зикр аст, ки дар сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ 35 участкаи интихоботӣ ташкил карда шуд. Аз ҷумла, дар Федератсияи Русия дар шаҳрҳои Москва, Екатеринбург ва Уфа 3 участкаи интихоботӣ кушода шуданд. 

Ҷараёни интихоботро 525 нозири байналмилалӣ, аз ҷумла аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалӣ назорат мекунанд. 

Ёдовар мешавем, ки интихобот дар мавриде баргузоргардида ҳисоб карда мешавад, ки дар он зиёда аз 50 фоизи интихобкунандагон иштирок намоянд.
Доир ба рафти овоздиҳӣ дар рӯзи 1 марти соли ҷорӣ 4 маротиба мустақиман соатҳои 9, 12, 15 ва 18 хабар дода мешавад.

Натиҷаҳои пешакии интихобот тахминан соати 10- и 2 март мустақиман тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ эълон карда мешавад.