Пешниҳоди Пешвои миллат: «Шабакаи якум бо номи «Тоҷикистон» номгузорӣ шавад»

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ зимни ифтитоҳи Муассисаи давлатии телевизиони Варзиш, Муассисаи давлатии телевизиони Синамо ва Муассисаи давлатии Академияи васоити ахбори умум таъсир ва аҳамияти телевизион ва радиоро бузург номид. Аз ҷумла, Пешвои миллат қайд намуд: «Телевизион ва радио ҳамчун яке аз василаҳои муқтадири таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа мақоми хосса дошта, дар баробари дигар хизматҳо метавонад дар огоҳонидан ва пешгирӣ кардани хатарҳои ҷаҳони муосир нақши муассир ва созанда дошта бошад. Барои расидан ба чунин ҳадафи созанда дар баробари дигар шабакаҳо муассисаҳои навтаъсис низ бояд ҳамаҷониба омода бошанд».
Сарвари давлат дар идомаи суханронии худ изҳор намуд: «Пешниҳод менамоям, ки минбаъд шабакаи якуми телевизионӣ шабакаи “Тоҷикистон” номгузорӣ карда шавад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти шабакаи якумро бо номи «Тоҷикистон» мояи ифтихор ва эҳтиром ба кишвари худ маънидод намуд. 
«Бо номи “Тоҷикистон” ба роҳ мондани фаъолияти шабакаи марказӣ ин ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ, эҳтиром ба номи кишвар ва яке аз роҳҳои муаррифии шоистаи ватани маҳбубамон ҳамчун рамзи ҳастии миллат мебошад».