Президенти Қирғизистон барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои СААД вориди Душанбе шуд

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ вориди пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе гашт.
Дар «Фурудгоҳи бао Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои Арманистон Серж Саргисян, Белорус Александр Лукашенко, Федератсияи Русия Владимир Путин ва Қирғизистон Алмазбек Атамбоев вориди шаҳри Душанбе мешаванд.  Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ҳамзамон дар Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод, субҳи имрӯз вориди Душанбе гардид.