Рӯзноманигори шинохта Шарифи Мисайзод аз олам даргузашт

Шарифи Мисайзод,  рӯзноманигори шинохтаи тоҷик субҳи имрӯз дар  50-солагӣ аз олам даргузашт. Тӯли чанд соли охир ӯро бемории қалб азият медод, вале тавре ҳамкорон ва дӯстонаш мегӯянд, ҳатто як рӯз ҳам фаъолияти эҷодии худро қатъ накардааст.
Фаъолияти рӯзноманигории Шарифи Мисайзод  ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта шуруъ гардида, ӯ аввал дар идораи «Ахбор»  ва баъдан дар идораи барномаҳои сиёсӣ ва байналхалқии радиои Тоҷикистон фаъолият кардааст. Ӯ  аз муҳаррирони масъули барномаи «Хоки Ватан» низ дониста мешавад.
Бо ташкил гардидани Радиои «Садои Душанбе» 18 январи соли 1999 то вопасин лаҳзаҳои умр фаъолияти рӯзноманигории худро дар ҳамин радио идома додааст.
Шарифи Мисайзод   аз зумраи аввалин рӯзноманигоронест,  ки гузоришҳои мустақимро аз ҷараёни воқеаву рӯйдодҳои муҳими Тоҷикистон пешниҳоди шунавандагон гардонида, як мактаби бузургеро дар  шакли нави гузоришҳо  роҳандозӣ  намудааст. Дар баробари фаъолияти рӯзноманигорӣ, ҳамчунин ӯ бо тахаллуси Шайдо шеър мегуфт.
Шарифи Мисайзод на танҳо иштирокчии чандин озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ ва байналмилалӣ, балки  сазовори мақомҳои аввал ва ифтихорӣ низ  гардидааст.  Аз ҷумла, соли 2014 дар озмуни «Ҷило-2014»  ҷоизаи ин озмунро дар номгӯи «Беҳтарин радиожурналисти сол»  ба даст овардааст.
Ӯ ҳамчунин дорандаи унвони   «Аълочии матбуот»,  «Аълочии  телевизион ва радио» ва узви ИЖТ мебошад.