Сайераи хурди системаи офтобӣ ба номи Тоҷикистон номгузорӣ гардид

Имрӯз  дар Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ Президенти Академияи Илмҳои Ҷумҳурӣ Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Шаҳодатномаи расмиро доир ба номгузорӣ гардидани Сайераи хурди системаи офтобӣ ба номи Тоҷикистонро супорид. Қарори мазкур соли ҷорӣ боназардошти саҳми назарраси олимони тоҷик дар рушди астрофизикаи ҷаҳонӣ ва омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ аз тарафи Иттиҳоди байналмилалии астрафизикон қабул гардидааст.
Мадори Сайераи Тоҷикистон дар байни сайераҳои Миррих ва Муштарӣ ҷойгир буда масофаи он,  то Замин 250 миллион км ва аз Офтоб бошад 463 миллион км буда, даври гардиши он дар атрофи Офтоб панҷ сол аст. Айни замон Сайераи Тоҷикистон дар масофаи наздиктарин ба Замин ҷойгир буда,  олимони тоҷик ба омӯзишӣ хосиятҳои физикиву химиявии он ва ҷараёнҳои дар он баамалоянда машғуланд.