Сафири навтаъйини Тоҷикистон дар Қирғизистон нусхаи эътимодномаи худро супорид

31 январ Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Назирмад Ализода нусхаи эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Чингиз Айдарбеков супорид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ч.Айдарбеков сафири Тоҷикистонро бо таъйин шуданаш ба вазифаи пурмасъул табрик гуфта, ба ӯ дар ҷодаи  рушди ҳамкории бисёрҷониба бар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек муваффақият таманно кард.

Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла таҳкими ҳамкории наздисарҳадиро баррасӣ намуда, нақшаҳоро барои ояндаи наздик муайян карданд.

АМИТ «Ховар»