Созишнома дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои тасдиқ пешниҳод шуд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандонро, ки дар раванди сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.М.Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 9- марти соли 2018 ба имзо расида буд, бо мақсади анҷоми расмиёти дохилидавлатӣ барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.

Созишномаи мазкур тартиб ва шартҳои мусофирати мутақобилаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро танзим менамояд.

Ин Созишнома аз рӯзи гирифтани огоҳиномаҳои хаттӣ дар бораи аз ҷониби Тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад.