Суханронӣ зимни вохӯрӣ бо афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар!
Фарзандони далеру шуҷои Ватан!
Чорабинии имрӯзаи мо ба хотири анҷоми муваффақонаи амалиёти махсус, ки рӯзҳои 4-16 - уми моҳи сентябр барои дастгир ва безарар гардонидани хоинону душманони давлат ва миллати тоҷик гузаронида шуд, доир гардида истодааст.   
Тавре огоҳед, ин кирдори нангини хоинона аз ҷониби гурӯҳи террористӣ тибқи нақшаи пешакӣ бо мақсади халалдор намудани зиндагии орому осудаи сокинони кишвар ва зарба задан ба пояҳои давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мо тарҳрезӣ шуда буд.
Вале хушбахтона, ин мақсади нопоку хиёнаткоронаи онҳо ва хоҷагони хориҷиашон ба шарофати ҷасорату далерии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, инчунин ҷонибдории мардуми сулҳпарвару ватандӯсти кишвар бартараф карда шуд ва нақшаи хоинони Ватан ин дафъа низ барбод рафт.
Бинобар ин, ба тамоми ҳайати шахсӣ, ки дар амалиёти мазкур далерона иштирок карда, рисолат ва қарзи фарзандии худро дар назди  модар – Ватан ва халқи Тоҷикистон ҷавонмардона иҷро намуданд, аз номи Ҳукумати мамлакат ва аз номи худ ҳамчун Президент ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бори дигар миннатдории самимӣ изҳор карда, дар назди ҷасорату ҷавонмардии шумо ва онҳое, ки дар ин роҳ ҷони худро қурбон карданд, сари таъзим фуруд меорам.
Ҳамзамон бо ин, бори дигар ба аҳли оила, наздикону пайвандони  сарбозону афсароне, ки бар зидди дастаи террористӣ ва душманони халқу Ватан далерона ба набард бархоста, ҳангоми  адои вазифаи хизматӣ ҷони ҷавони худро аз даст доданд, изҳори тасаллият карда, таъкид месозам, ки шуҷоату далерии онҳо аз хотираи мардуми тоҷик ва давлату Ҳукумати кишвар ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.
Несту нобуд кардани гурӯҳи бисёр хатарноки ҷинояткор бори дигар нишон дод, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳамеша ба савганди ёдкардаи худ содиқ аст ва иқтидор дорад, ки ба душманони миллати тоҷик ва Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол  ҷавоби сазовор диҳад.
Ҳар яки шумо, ҳамчун муҳофизони шуҷоъи Ватан бори дигар собит намудед, ки дар ҳама ҳолат кафили тинҷиву оромӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар ҳастед, барои ҳимояи марзу буми кишвар таҷрибаи кофӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ҷавонмардӣ доред.
Шуҷоату мардонагии шумо идомаи корнамоиву фидокории ҳазорон нафар родмардони сарзамини аҷдодиамон мебошад, ки садоқат ба Ватанро рисолати мардонаву меҳандӯстона ва хизмат ба модар медонистанд.
Ҳамагӣ чанд рӯз пештар аз ин ҳодисаи нангин дар суханронии худ ба ифтихори 20-солагии таъсисёбии Гвардияи миллӣ доир ба масъалаи дар рӯҳу равони низомиён ташаккул додани хислатҳои далериву шуҷоатмандӣ ва чусту чолокӣ аз сарчашмаи қадимтарини миллатамон - китоби Авасто пандеро ёдоварӣ карда будам, ки чунин маънӣ дошт: «марди шуҷоъро Худо ва инсонҳо дӯст медоранд, зеро ӯ гумони нек дорад ва дар корзор қуввати дили дигарон буда, аз майдони набард намегурезад».
Боиси ифтихори ҳар фарди Тоҷикистон аст, ки шумо тибқи ин ҳикмати аҷдоди шарафмандамон рафтор карда, бори дигар исбот намудед, ки ҳимояи оромии Ватан ва осудагии халқ вазифаи имониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус буда, ин рисолати муқаддас ва ойини ҷавонмардӣ аз насл ба насли мардуми куҳанбунёди мо ба мерос мондааст.
Дар рӯзҳое, ки амалиёти махсус бар зидди хоинони давлату миллат идома дошт, мо эҳсоси гарми ватанхоҳӣ ва ҷонибдории самимонаи сулҳу оромиро дар миёни мардуми шарафманди кишвар бори дигар равшан мушоҳида кардем, ки дар душвортарин лаҳзаҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҳамкорӣ намуда, пойдории сулҳу субот, оромии кишвар ва манфиатҳои милливу давлатиро авлотар аз манфиати шахсӣ медонанд.
Аз ин лиҳоз, бори дигар ба мардуми ватандӯсти шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат ва ноҳияҳои Варзобу Рӯдакӣ, ки дар ин рӯзҳои вазнин ба ҳомиёни ҳуқуқу тартибот ба хотири таъмини амнияти кишвар кумаки беғаразона расонида, барои дастгир кардани даҳҳо нафар аъзои ин гурӯҳи террористӣ бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ карданд, самимона изҳори сипос менамоям.
Ман борҳо дар мулоқоту вохӯриҳо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар таъкид месозам, ки дар баробари омодабошии ҷангӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии сиёсии ҳайати шахсӣ ба масъалаи ҳамкорӣ бо аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон, ки табиатан сулҳпарвар ва ҷонибдори зиндагии осоишта мебошанд, дар ҳама гуна шароит ҳомиёни ҳуқуқу тартиботро дастгириву пуштибонӣ мекунанд.
Мову шумо ин хислати мардуми сулҳпарвари худро тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар чи дар шароити мураккаби муноқишаҳои дохилӣ ва чи дар ҷараёни амалӣ намудани нақшаҳои созандаву ободкоронаи давлату Ҳукумат доим эҳсос мекунем.
Бо дастгирӣ аз сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат мардуми шарифи Тоҷикистон бори дигар исбот намуданд, ки онҳо дорои тафаккури баланди сиёсӣ буда, ҳамеша ҷонибдори сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар сарзамини аҷдодӣ мебошанд.
Ин воқеаи нохуш дар рӯзҳое ба амал омад, ки сокинони фарҳангдӯст ва маърифатпарвари кишвар ба таҷлили 700-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 24-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ ва вохӯрии сарони давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ омодагӣ мегирифтанд ва ташрифи меҳмонони сатҳи олӣ ба кишвар ҷараён дошт.
Чунонки медонед, дар замони соҳибистиқлолии кишвар чунин амали ҷинояткорона ва хиёнат ба халқу Ватан бори нахуст ба амал наомадааст.
Воқеаҳои охир нишон доданд, ки ҳанӯз ҳам афроде ҳастанд, ки бо кумаку ҳидоят ва пуштибониву маблағгузории хоҷаҳои хориҷии худ мехоҳанд пойдевори сулҳи пойдори тоҷиконро халалдор созанд, яъне ба хонаи худ оташ зананд.
Вале онҳо фаромӯш мекунанд, ки мардуми кишвари азизамон арзиши сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳаёти осоиштаро амиқан дарк менамоянд, заҳматҳои сангини ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллиро фаромӯш накардаанд ва ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато намераванд.
Мутаассифона ҳоло ҳам баъзе аз афроди ҷомеаи мо ба қадри сулҳу ваҳдат намерасанд ва бо маблағи бегонагон ба ташвиқи бегонапарастӣ  ва фарҳангу мазҳаби ғайр, гумроҳ намудани мардум ва ноором кардани вазъи орому осудаи кишварамон даст мезананд.
Бадхоҳони миллат ҳоло ҳам хулоса накардаанд, ки ноором намудани вазъият дар кишварҳои арабӣ чӣ гуна натиҷаҳои харобиовар оварда, боиси ҳалокати садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта шудааст ва миллионҳо нафарро сарсону саргардон кардааст.
Ва боиси таассуф аст, ки онҳо чунин зулмро нисбат ба миллат ва хешу ақрабои худ бо истифода аз номи мубораки ислом ҷоиз медонанд.
Худатон қазоват кунед, ки дар тӯли 12 шабонарӯзи амалиёти зиддитеррористӣ даҳҳо оилаи тоҷик мотамзада гардида, ин хиёнати чанд нафар намакзада ба мардум чӣ қадар зарари маънавӣ расонид ва номи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ баъди ин қадар дастоварду пешравиҳо доғдор сохт.
Ман ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои тафтишотӣ супориши қатъӣ додам, ки тамоми чораҳоро андешанд, то ҷинояткорону хоинон мувофиқи кирдори содиркардаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд.
Мо барои таъмини амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа ва зиндагии осудаи шаҳрвандон минбаъд низ аз тамоми қувваю воситаҳо истифода мебарем, зеро ин масъалаҳо ҳамеша дар маркази диққати давлат ва Ҳукумат қарор доранд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳодисаву таҳаввулоти солҳои охири ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳанд, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва доираҳои пуштибони онҳо аз ҳама гуна имкониятҳо истифода намуда, бо роҳи зӯроварӣ, барангехтани низоъ ва тарсу ваҳм дар байни мардум, ноором намудани вазъияти сиёсиву ҷамъиятӣ пояҳои сохти давлатдориро дар кишварҳои гуногуни олам заиф гардонида, бо ҳамин роҳ мехоҳанд ба мақсадҳои ғаразноку душманонаи худ ноил гарданд.
Дар робита ба ин, ҷинояткории замони муосир домани фароху густурда дошта, тамоюлҳои торафт нав пайдо карда истодааст.
Дар чунин вазъу шароит ҳар як афсару сарбоз вазифадор аст, ки барои ҳифзи манфиатҳои давлату миллати худ аз хатару таҳдидҳои имрӯза аз ҷиҳати сиёсӣ ва омодагии ҷангӣ ҳамеша зираку ҳушёр бошад.
Бори дигар таъкид менамоям, ки муборизаи беамон бар зидди равандҳои хатарзо, яъне пешгирии зуҳуроти терроризму экстремизми динӣ, қочоқи маводи мухаддир ва гардиши ғайриқонунии он, сафарбар намудани тамоми имкониятҳо барои таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, ҳифзи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар қаламрави кишвар масъулияти баланд, худшиносиву худогоҳӣ, садоқат ба Ватан ва зиракии сиёсии тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳро тақозо менамояд.
Вобаста ба ин, хотирнишон менамоям, ки тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бояд фаъолияти худро дар самти ошкор намудани амалҳои таҳрибкоронаи ниҳоду созмонҳои террористиву экстремистӣ, инчунин пешгирӣ кардани ҳодисаҳои ҷалби шаҳрвандон ва махсусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарову экстремистӣ боз ҳам пурзӯр намоянд.
Халқи тоҷик тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ борҳо эҳсос намудаанд, ки ҳомиёни матиниродаву ҷасури кишвар дар ҷараёни амалиёту муҳорибаҳои махсуси зиддитеррористӣ, безарар гардонидани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, дастаҳои трансмиллии кочоқчиёни маводи мухаддир ва мубориза бар зидди хоинони Ватан бо истифода аз усулҳои нави низомӣ ва маҳорати ҷангӣ ҳатто бар ивази ҷони худ тахрибкорону душманони миллату давлатро маҳв гардонидаанд.
Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки чунин рӯҳияи баланди ҷангӣ, омодабошӣ ба хотири дифоъ аз сарзамини аҷдодӣ ва аз ҳама муҳимтар, садоқат ба Ватан, миллат ва давлат дар зеҳну шуур ва дар мағзи ҷони ҳар як низомӣ ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа доимо зиндаву пойдор бошад.
Ҳомиёни сарбаланди кишвар!
Тӯли дувоздаҳ рӯзи баргузории амалиёти зиддитеррористӣ дар дараи Ромит садҳо барқияву мактуб ва муроҷиатномаи дастаҷамъонаи сокинон аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат ва ташкилоту муассисаҳо ба унвони Президенти кишвар ворид гардиданд, ки муҳтавои асосии онҳо дастгирии сиёсати созандаи давлату Ҳукумат, маҳкум кардани  амали хиёнаткоронаи дастаи террористӣ ва ифтихор аз корнамоии шумо – фарзандон содиқи халқ буданд.
Бо истифода аз фурсат ба аҳли ҷомеа ва афроди алоҳидае, ки дар чунин лаҳзаҳои ҳассос ба тақдири давлату миллати худ бетарафӣ зоҳир накарда, нуқтаи назари худро холисона баён доштанд, изҳори сипос менамоям.
Масъалаи пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва мустаҳкам гардонидани пояҳои давлату давлатдории миллӣ аз ҳар як фарди огоҳу бедордили ҷомеа ва тамоми афроди бонангу номуси миллат тақозо менамояд, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ, маҳорати касбӣ, интизоми қатъӣ, нангу номуси миллӣ, сатҳи баланди дониш, малакаи коршиносӣ ва зиракии сиёсӣ барои ҳифзи марзу буми Ватан ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омода бошанд.
Ман ба таври доимӣ таъкид менамоям, ки мардум ба фаъолияти давлат аз рӯи хизмати содиқонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳо медиҳанд.
Бинобар ин, ҳар як ҳомии ҳуқуқу тартибот ва ҳимоятгари Ватан бояд худ намунаи риояи қонун ва одобу ахлоқи нек бошад.
Танҳо дар ҳамин сурат ҳар яки шумо минбаъд низ соҳиби эҳтиром ва ҳурмати мардум мегардед.
Мардуми сипосгузори тоҷик ва давлату Ҳукумати мамлакат хизматҳои шоён, матонату ҷасорат ва ғайрату фидокории шумо, ҳомиёни шуҷои Ватанро ҳамеша қадршиносӣ мекунанд.
Ҷиҳати қадршиносии корнамоии фарзандони шуҷои Ватан бо фармони Президенти кишвар 122 нафар бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳомиёни шуҷои Ватан!
Муҳофизони ҳақиқии Ватан бояд сарзамини ниёгонро баробари модар ва ҳатто мисли ҷони худ дӯст доранд ва барои озодиву истиқлоли кишвар ва амнияту оромии давлату ҷомеа ҷони худро дареғ надоранд.
Бовар дорам, ки шумо, ҷавонмардони бонангу номуси миллат, дар рушду пояндагии давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри тоҷикон, ки ормони ҳазорсолаи ниёгони некноми мо мебошад, минбаъд низ намунаи ибрат хоҳед буд.
Итминон дорам, ки тамоми хизматчиёни ҳарбии мамлакат, аз генерал то сарбози қаторӣ минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро дар ҳифзи амнияти давлат ва таъмини сулҳу субот, зиндагии осоиштаи мардум ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамаи нерӯ ва донишу малакаи худро сарф менамоянд ва ба халқу Ватани худ чун фарзандони бонангу номус содиқонаву софдилона хизмат мекунанд.
Бори дигар ба ҳар яки шумо, муҳофизони шуҷои амнияти давлату ҷомеа, сулҳу оромӣ ва қонунияту тартибот дар Ватани азизамон, ки тавассути қаҳрамониву размандагӣ ва ҷасорату мардонагӣ бар зидди террористон ва ҳадафҳои шуму ғаразноки душманони халқи тоҷик муборизаи беамон бурда, ваҳдату ҳамбастагӣ, суботу оромӣ ва зиндагии осудаи мардумро ҳифз карда, нуфузу эътибори нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро дар ақсои олам боз ҳам баланд бардоштед, аз самими қалб миннатдории худ ва халқи шарафманди тоҷикро иброз медорам.
Ба шумо родмардони миллат ва ҳомиёну сулҳу ваҳдати кишвар  саломатӣ ва хизмати содиқона орзу менамоям!