Сӯҳбати телефонӣ бо раиси ноҳияи Файзобод

Имрӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Файзобод Имомназари Каримиён дар робита ба офати табии зери хок мондани 10 нафар сокинони ин ноҳия суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар рафти суҳбат раиси ноҳия доир ба сабабҳои ин офати табиӣ ва рафти корҳои барқарорсозии он ба Сарвари Давлат маълумот дод.
Сарфари Давлат ба раиси ноҳия супориш дод, ки кумакҳои Ҳукумати мамлакатро фавран ба оилаҳои зарардида расонида, изҳори таъзияи Президентро ба оилаҳои қурбоншудагон баён намояд.
Бо дастури Сарвари Давлат комиссияи ҳукуматӣ бо роҳбари муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Акбар Ятимзода ва дигар роҳбарони мақомоту идораҳои дахлдор дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.