Тасдиқи Ангораи ҷашни Наврӯзӣ

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯзӣ тасдиқ карда шуд.
Ангораи наврӯзӣ дар айёми тантанаҳои наврӯзӣ метавонад чун рамзи ин ҷашни пурифтихори бостонӣ аз ороишоти асосии наврӯзгоҳҳо ва ба сифати нишонҳои сарисинагӣ истифода гардад.
Ангора бо фарогирии партавфишонии Парчами кишвар, нурафшонии офтоб, сабза ва шукуфаҳои дарахтон, тоҷ ва бо дарбаргирии шакли курраи замин бо истифодаи ранги сабз ва майсаҳои навхез, ки оғози бедоршавии фасли баҳору гармии рӯзгор аст, таҷассум гардидааст.