ТАСС: пас аз пандемия бори аввал ҷаласаи СААД дар шакли ҳузурӣ дар Душанбе баргузор мешавад

Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров чоршанбе, 19 май дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ширкат хоҳад кард. Сергей Лавров шоми дирӯз бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон, ки раёсати СААДро соли равон бар дӯш дорад, ташриф овард, иттилоъ медиҳад ТАСС.

Ҷаласаи Шӯрои вазирони СААД пас аз пандемия бори аввал аст, ки дар шакли ҳузурӣ баргузор мешавад. Тадбирҳои маҳдудкунӣ, ки баҳри пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси нав равона шудаанд, қаблан ба кори созмон тасҳеҳоти худро ворид карда буданд ва дар робита ба он вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД масоили амниятиро тавассути видеоконференсияҳо дар моҳҳои май ва декабри соли гузашта муҳокима карданд.

Дар баробари иштирок дар ин ҷаласа, С. Лавров бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ мулоқот мекунад. Интизор меравад, ки ҷонибҳо ҷадвали мулоқотҳои дарпешистодаи сатҳҳои олӣ ва баландро баррасӣ намуда, масъалаҳои асосии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва муқовимати муштарак бо коронавирусро баррасӣ кунанд.

Амният – мавзӯи асосӣ

Тавре намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Россия Мария Захарова ба хабарнигорон иттилоъ дод, дар Душанбе намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Россия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон оид ба ҳолат ва дурнамои рушди вазъи байналмилалӣ, инчунин таъсири он ба амнияти кишварҳои узви созмон мубодилаи афкор менамоянд.

Дар изҳороти муштарак, ки ҷонибҳо мунтазам пас аз мулоқотҳои гуногун дар доираи СААД қабул мекунанд, кишварҳо чун анъана ҷонибдори ба эътидол овардани вазъ дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон мебошанд ва аҳамияти ташкили муколама ва ҳалли мусолиҳатомези муноқишаҳоро зикр мекунанд. Дар баробари ин, кишварҳои узви Созмон ҳамкории мутақобилан судмандро бо дигар кишварҳо ҷиҳати муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои нав истисно намекунанд, зеро дар СААД итминон доранд, ки амнияти ҳар кишвар бо дигар кишварҳо алоқаманд аст.

Аз ин лиҳоз, таваҷҷуҳи кишварҳои Созмон ҳамеша ба чунин мавзӯъҳо, аз қабили терроризми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир, амнияти иттилоотӣ, инчунин вазъияти буҳронӣ дар минтақаҳои гуногун, аз ҷумла Ховари Миёна нигаронида шудааст. Мусаллам аст, ки дар ҷаласаи оянда вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД илова ба рӯзномаи стандартӣ шиддат гирифтани буҳрони Фаластину Исроилро, ки ба амнияти тамоми минтақа таҳдид мекунад, муноқишаи чанде пеш суратгирифта дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки ҷонибҳо онро ба таври осоишта ҳал карданд, инчунин ҳолати вазъ дар марзи Арманистон ва Озарбойҷонро баррасӣ мекунанд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баргузор мешавад.

Дар нишаст инчунин дабири кулли СААД Станислав Зас, вазирони корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев, Қазоқистон Мухтар Тлеуберди, Беларус Владимир Макей ва иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Арманистон Ара Айвазян ширкат мекунанд.

Шаш давлат: Россия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон узви СААД мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 СААДро Тоҷикистон раисӣ мекунад.

АМИТ «Ховар»