Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об

«Масъалаҳои беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ,  самаранокии истифодаи захираҳои об ва ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо, ҳамчунин ҳифзи низоми экологии об ва дигар масъалаҳои марбут ба об имрӯз ба  Рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид гардидаанд.
Ин худ яке аз дастовардҳои муҳимми талошҳои муштараки чанд соли ахири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Ҷойи шубҳа нест, ки хавфи сар задани бӯҳронҳои обӣ бинобар афзоиши шумораи аҳолии саёраи мо ва коҳиш ёфтани захираҳои об тамоюли афзоишро касб хоҳад кард.
Тахмин меравад, ки то ахири даҳсолаи ҷорӣ дар ҳудуди ду миллиард аҳолии кураи Замин ба мушкили камбуди мутлақи об дучор хоҳад гардид.
Дар шароити  ниёзмандии рӯзафзуни ҷаҳонӣ ба об ҳамкориву шарикии созанда дар ин арсаҳо тақозои замон аст».
Иқтибос аз суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон