Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Ҷоизаи байналмилалӣ тақдир намуд

Ташкилоти Умиҷаҳонии  Тандурустӣ (ТУТ) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро яке аз барандагони Ҷоиза барои саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бо тамоку эълон кард.

Ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ рӯзи 31-уми май – дар Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо тамоку дар баробари панҷ созмон ва фарди дигар Сарвари давлати Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмонро аз барандагони ҷоиза дар минтақаи аврупоии  ин ташкилот ном бурдааст.

Дар баёнияи  ТУТ  омадааст, ки раҳбари Тоҷикистон мубориза бо тамокукаширо  аз самтҳои асосии  сиёсати худ  қарор дод ва бо ташаббуси вай 2 январи имсол қонуне қабул шуд, ки кашидани тамоку дар  ҷойҳои ҷамъиятиро  манъ мекунад.

Тибқи ин қонун кашидани сигор ва нос дар тамоми  ҷойҳои ҷамъиятӣ  ба истиснои ҷойҳои таъйиншуда мамнӯъ аст. Рекламаи тамоку низ иҷозат нест. Теъдоди дақиқи сигору носкашҳо дар Тоҷикистон маълум нест ва садҳо ҳазор нафар ҳастанд, ки ба сигору нос одат кардаанд.

Дар баробари  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  32 нафари дигар барои саҳмашон дар амри коҳиши истифодаи тамоку ё андешидани чораҳо барои маҳдуд кардани истеъмоли он барандагони ҷоизаи  Ташкилоти Умумиҷаҳонии  Тандурустӣ шудаанд.

АМИТ "Ховар"