Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ

21 феврали соли 2018 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 25 — умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ тақдим карданд.

Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ба низомиён барои хизмати намунавии ҳарбӣ, саҳми арзанда дар таҳкими артиши миллӣ ва ҷасорату фидокорӣ сарфароз гардонида шуд.

Ҳамин тавр, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 12 нафар рутбаҳои навбатии генерал, 4 нафар бо ордени “Спитамен дараҷаи II”, 5 нафар бо медали “Ҷасорат”, 5 нафар бо медали “Хизмати шоиста” ва 2 нафар бо медали “Шафқат” сарфароз гардиданд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои навбатии генерал ба  Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо рутбаи навбатии генерал-полковник, ба генерал лейтенанти гвардия Раҷабалӣ Раҳмоналӣ — муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, фармондеҳи қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ генерал — полковник, ба генерал — майор Собирзода Эмомалӣ — сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант, ба генерал — майор Файзизода Латифҷон Мирзо — мушовири Вазири мудофиа генерал-лейтенант, ба полковник Эгамзод Шараф Худойбердӣ — муовини сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — майор, ба полковник Донаёрзода Меҳваршо Зевар — сардори раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — майор, ба полковник Бачабекзода Саёрабек Ҷиёнӣ — сардори раёсати қушунҳои муҳандисии ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — майор, ба полковник Охунзода Ихтиёр Неъматулло — муовини аввали фармондеҳ, сардори сарситоди қушунҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — майор, ба полковник Қурбонов Темур Пайшанбиевич — муовини аввали фармондеҳ, сардори сарситоди қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — майор, ба полковник Раҳимов Фозил Файзиевич сардори раёсат оид ба масъалаҳои амнияти ҳарбӣ дар котиботи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ генерал — майор, ба полковники адлия Султонзода Сулаймон Саид — директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи махсуси генерал — майори адлия ва ба Каримзода Зайниддин Маҳмадалӣ — командири бригадаи посбоникунандаи рақами 6593-и сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори адлия супорида шуд.

Ҳамчунин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Спитамен  дараҷаи II” — Боронзода Вайсиддин Абдураҳмон — командири қисми ҳарбии 02011 қушунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Миравар Хушбахт Миршакар — муовини аввали сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муминзода Бахтиёр Мумин — командири қисми ҳарбии 01972 қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одиназода Муссо Неъмат — сардори раёсати ташкил ва сафарбарӣ, муовини сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

бо медали “Ҷасорат” — Асозода Абдулмумин Додхудо — командири қисми ҳарбии 04080 қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадҷонзода Анвар  Аҳмадҷон — сардори шуъба-сардори қӯшунҳои ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Азизулло Гадо — сардори бозрасии марказии ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродзода Туйчи Эргаш — командири қисми ҳарбии 03377 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳусейнзода Диловар Гадо — командири қисми ҳарбии 07012 қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

бо  медали “Хизмати шоиста” — Қосимзода Назараҳмад Қурбон — сардори хадамоти ҳамлу нақли ҳарбии ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирумшозода Бахтиёр Давлатшо — сардори шуъбаи тайёрии ҷангии раёсати қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нурзода Зафар Гурез — сардори ситод — муовини аввали командири қисми ҳарбии 02615 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холмадзода Бахтиёр Холмад — муовини сардори раёсат-сардори шуъбаи инспектории раёсати инспексияи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷонов Акрамҷон Амроҷонович — роҳбари дастгоҳи раиси кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

бо медали “Шафқат” — Исломзода Умар Ислом — сардори раёсати тиббӣ-ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳамадзода Раҳмад — командири қисми ҳарбии 08030 қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хизматчиёни ҳарбиро барои сазовор шудан бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ шодбош гуфтанд.

Сарвари давлат шахсони бо мукофотҳо қадргардида ва тамоми афсарону сарбозони шуҷои кишварро бо санаи муҳими таърихӣ 25 — умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, онҳоро бо масъулияти баланд ва самимӣ ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ва таъмини амнияту суботи сарзамин ҳидоят намуданд.