Тоҷикистон ва Франсия ба ҳамкорӣ дар бахши сайёҳии фарҳангию этнографӣ тақвият мебахшанд

Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Франсия дар бахши сайёҳӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Тоҷикистон Мишел Тарран дар Душанбе баррасӣ гардид.

дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ табодули афкор сурат гирифт. Сафири Франсия ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии фарҳангию этнографӣ, кӯҳгардию варзишӣ ва гастрономӣ  изҳор намуд.

Вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо якчанд пешниҳодҳои муфид ироа гардиданд.

АМИТ «Ховар»