То ба истифода додани агрегати аввали НБО «Роғун» 13 рӯзи дигар монд

16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Рўзи Президент ҷашнест, ки барои  дарку эҳсоси ҳувияти миллӣ, шинохту  эҳтироми рамзҳои  давлатӣ  ва дар заминаи чунин арзишҳо таъмин  намудани  идомаи  раванди пешрафти минбаъдаи истиқлолияти сиёсӣ заминаи босазо мегузорад.

Қобили тазаккур аст, ки сиёсати миллии ҳар як кишвари соҳибистиқлол хусусияти хоси худро дошта, мазмуни асосии он дар чорабиниҳои  гуногуни  фарҳангию  сиёсӣ  ва рамзу анъанаҳои миллӣ  таҷассум меёбад. Ҳамаи ин  заминаи муҳим  барои  дарки  худшиносӣ   ва  комёб гардидан ба  пешрафту дастовардҳои  кишвар мебошад.

Имсол дар Рўзи  Президент амалишавии боз як рӯйдоди муҳим — ба истифодадиҳии чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар назар аст.  Таҷлили ин ду санаи муҳим дар як рӯз   иқдоми некест, ки барои  арҷгузорӣ ва ифтихор доштан аз  Тоҷикистони азиз, Истиқлолияти пойдор  ва  қадршиносӣ аз  заҳматҳои Президенти мамлакат ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат заминаи устувор  мегузорад.

 Дар робита ба ин ду санаи муҳими таърихӣ   бо доктори илмҳои фалсафа, профессор,  муовини раиси вилояти Хатлон Махфират ХИДИРЗОДА  суҳбат оростем.

АМИТ «Ховар»: Дар таърихи навини тоҷикон шахсиятҳои барҷастае ҳастанд, ки ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон эътироф шудаанд. Ва хизмати ҳар яки онҳо дар назди Ватан, миллат, сарзамин беназир ва шоистаи ифтихори миллист. Сарнавишти онҳо барои насли имрӯза ва ояндаи миллати мо сабақи таърих ва дарси хештаншиносӣ маҳсуб мешавад. Ман мехостам мо аз нақши Қаҳрамони Тоҷикистон,  Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон суҳбатро шурӯъ  намоем.

 Махфират Хидирзода: Бузурге фармудааст, ки «таърихи тамаддуни инсонӣ-ин таърихи ҳаёт ва фаъолияти шахсиятҳои алоҳидаест, ки тавонистаанд ба ин раванди дурудароз асос гузоранд». Аз ин нуқтаи назар, бемуҳобот месазад эътироф намоем, ки нақши таърихсози шахсиятҳо дар ташаккули миллатҳо ва давлатҳо мавқеи калидӣ дошта, тавассути идроки баланди сиёсӣ ва инсонии онҳо оммаҳо ба қуллаи мақсуд расидаанд. Маҳз аз ҳамин сабаб, таърих ба нақши шахсиятҳо арҷ мегузорад ва хотираи онҳоро пос медорад.

Чуноне ки шумо зикр намудед, таърихи давлатдории мо низ баёнгари талошҳои ватандўстона ва миллатдўстонаи шахсиятҳоест, ки рисолати таърихии худро дар ин масир сарбаландона иҷро намудаанд. Онҳо тавонистаанд дар марҳилаҳои мушкили таърихӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳассоси сиёсӣ ҷони худро ба гарав гузошта, муваффақ шаванд. Ҳар яки онҳо амалҳоеро барои давлату миллат иҷро намудаанд, ки на ҳар кас барои онҳо ҷуръат карда метавонист.

Дар ин радиф, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят калон аст. Ҳамчун шахсияти бузурги таърихӣ ниҳоди ташаккулдодаи сарварии онҳо намунаи беҳтарини мактаби худшиносӣ, мардонагӣ, шуҷоатмандӣ, ғурур ва номуси миллию ватандорист. Ў ТАВОНИСТ:

— раванди шикасти давлатдориро боздорад, содиршавии хатои нобахшидании таърихиро пешгирӣ намояд, хусумату нафрати дохилимиллиро ба муҳаббату самимият мубаддал намояд ва масири рушди таърихии дурустро роҳбарӣ намояд;

— дар мисоли шахсии худ намунаи беҳтарини иҷрои қарзи фарзандиро дар назди Ватан-Модар нишон диҳад ва арзишҳои нави  инсондўстию ватандориро ба ҷомеа талқин намояд;

— намунаи беҳтарини ниҳоди сарвариро ташаккул диҳад, аз усулҳои кӯҳнаи идоракунӣ даст кашад, хусусияти марҳилаи нави таърихиро дуруст эҳсос намояд ва дар ин замина идоракунии самараноки ҷомеаро таъмин намояд;

— ҷомеаи ҷаҳониро мутмаин созад, ки тоҷик миллати соҳибтамаддун ва давлатдор аст, решаҳои тамаддуну давлатдории он ба қаъри асрҳо реша медавонад ва дар замони муосир қодир аст дар асоси муносибатҳои волои инсонию давлатдорӣ дар оилаи бузурги давлатҳои ҷаҳон мавқеи устувори худро нигоҳ дорад.

АМИТ «Ховар»: Ҷиҳатҳои инсонии Президент, идеяи миллӣ, иродаи қавӣ ва сиёсии Эмомалӣ Раҳмон аз нигоҳи илми сиёсатшиносӣ …

Махфират Хидирзода: Илми сиёсӣ собит намудааст, ки ҳар як сарвар дар баробари чеҳраи шинохтаи сиёсӣ будан, пеш аз ҳама, ИНСОН аст ва хислатҳои муайянро соҳиб аст. Ҷанбаи рафторӣ (бихевиоралӣ) яке аз ҷанбаҳои муҳими фаъолияти сарвар ба шумор рафта, он ифодакунандаи олами ботинӣ, майлу рағбат, тамоюли арзишӣ, сатҳи иҷтимоишавӣ ва қудрати фитрии ў мебошад. Аз ин нуқтаи назар ба сарварони универсалӣ сатҳи баланди иҷтимоишавӣ, қудрати таъсиррасонии бевосита ва фавқулода ба рафтор ва иродаи одамон, хоксорӣ, фурутанӣ, таҳаммулпазирӣ, ҷасорат, мардонагӣ, сатҳи баланди эҳсоси вазъияти  дигарон (эмпатия) ва иродаи устувор хос аст, ки тавассути ин хислатҳо капитали бовариро дар ҷомеа соҳиб мешаванд.Таҳлил ва омўзиши фаъолияти ниҳоди сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки ҳамаи ин хислатҳо дар ташаккули портрети сиёсии онҳо ҳамчун сарвари сиёсӣ мавқеи меҳварӣ дошта, нишонаи олами ботинии бой ва поки сарвар мебошанд, ки эътироф ва эҳтироми самимии ҷомеаро нисбаташон афзун гардонидааст. Ба ақидаи коршиносон, муваффақияти сарвар ҳамон вақт таъмин карда мешавад, ки агар имиҷи ў ба интизориҳои мардум мувофиқат кунад. Аз ин нуқтаи назар, имиҷи имрўзаи Пешвои муаззами миллат ба пуррагӣ ҷавобгӯи интизориҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад: барои насли калонсол  «Пешвои муаззами миллат», «падари солор», барои кўдакон «бобоҷони азиз», барои ятимону бепарасторон «падари ғамхор», барои ҷавонон «Пешвои шоистаи пайравӣ» ва ғ. Ин ҳама нишондиҳандаи он аст, ки дар шинохт ва эътирофи қудрати пешвоии Президенти мамлакат маҳз хислатҳои волои инсонии он кас нақши бориз бозида, имконият додааст, то сиёсат дар раванди сарвариашон ҳамчун «санъати имконпазир» ва «падидаи латиф»  эътироф гардад.

АМИТ «Ховар»: Нақши шахсият дар ниҳоди президентӣ чӣ гуна аст?

Махфират Хидирзода: Агар ба таърихи ташаккули институти Президентӣ дар таърихи навини давлатдории  мо, тоҷикон назар афканем, пас ба осонӣ мушоҳида намудан мумкин аст, ки давраи аввали ба низоми идораи давлатӣ ворид намудани тағйироти сохторӣ вобаста ба таъсиси ин ниҳод муваффақона набуд. Фаъолияти ду Президенти аввалин- Қаҳҳор Маҳкамов ва Раҳмон Набиев дар шароити мураккаби сиёсӣ натавонист дар шаклгирии мусбати ин ниҳод мусоидат намояд. Маҳз аз ҳамин сабаб дар Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ боздошта мешавад. Дар заминаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Қонуни асосӣ)» ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дўши Раёсати Шўрои Олӣ, Раиси Шўрои Олӣ ва Шўрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда, Раиси Шўрои Олӣ Сардори давлат эълон мегардад.

Аз соли 1992 то ноябри соли 1994 идоракунии парламентӣ идома ёфта, моҳи ноябри соли 1994 интихоботи президентӣ баргузор гашта, Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти мамлакат интихоб мегардад. Аз ҳамин давра сар карда, ислоҳоти  сохтори давлатдорӣ дар заминаи устувори ҳуқуқӣ, ки тавассути қабули Конститутсия фароҳам омада буд, амалӣ гашта, институти Президентӣ ҳамчун шакли идораи давлатӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Ниҳоди президентӣ ҳамчун ниҳоди расмии сарварӣ дар кишвари мо таҳавуллоти ҷиддии сиёсиро аз сар гузаронида, тавассути роҳбарии оқилона ва самараноки Президенти мамлакат, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба ниҳоди пурқудрати танзимкунандаи тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ мубаддал гардад. Ин аст, ки мардум ҳамчун манбаи асосии ҳокимият ба ин ниҳод эътимоди комил доранд. Муроҷиатҳои ҳамарўза ба сомонаи президентӣ ва мақомоти назди Президент шаҳодати мавҷудияти эътимод ба ин ниҳод аст, вагарна дар ҳолати набудани эътимод ин амал номумкин аст. Яъне, яке аз бузургтарин дастоварди ниҳоди президентӣ дар кишвар- ин маҳз соҳиб шудан ба эътимоди ҷомеа аст, ки баҳри болоравии маҳбубияти Президент ҳамчун шахсият ва обрӯи ниҳоди Президентӣ ҳамчун шакли идораи давлатӣ муҳим аст. Назари таҳлилӣ ба омўзиши масъалаи ташаккули ниҳоди президентӣ собит месозад, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти таърихӣ тавонист дар шаклгирии таърихӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсию ҷамъиятии идоракунии президентӣ замина гузорад.

Яъне, дар фаҳмиш ва дарки сиёсии имрўзаи ҷомеа мафҳумҳои «Президент» ва «ниҳоди президентӣ» бо фаъолият ва шахсияти Ҷаноби Олӣ робитаи ногустанӣ доранд.

АМИТ «Ховар»: Баъд аз имзои  сулҳи байни тоҷикон дар фазои сиёсии Тоҷикистон давраи мураккаби баъдиҷангӣ  оғоз гардид ва мову шумо хуб ёд дорем, ки  мушкилоти он аз мушкилоти давраи ҷанги шаҳрвандӣ камтар набуд. Таҳдид ва фишорҳои дохилӣ ва берунӣ ба ҳукумат дар ҳамон  давра хеле зиёд буданд. Аз як тараф, бояд масъалаҳои муҳими сиёсӣ ҳалли худро меёфтанд, аз  тарафи дигар, мушкилоти  зиёди молиявӣ ва иқтисодӣ дар муддати кӯтоҳ  бояд  бартараф мешуданд. Метавонем бигӯем, ки Президенти ҷавон Эмомалӣ Раҳмон дар такя бо модели давлатдории миллии худ, яъне мардумсолорӣ ва арҷгузори ба суннат ва анъанаҳои миллӣ  дар ин солҳои мушкил муваффақ шуданд?

Илми низоъшиносӣ давраи баъдинизоъро ҳам ҳамчун марҳилаи низоӣ маънидод мекунад, зеро дар ин давра ҳам баъзе зиддиятҳо боқӣ мемонанд ва дар сурати ҳалли мусбати худро наёфтан метавонанд ба вазъи умумӣ таъсир расонанд. Ин воқеият дар кишвари мо низ баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷой дошт. Вазъ чунон ҳассос ва нозук буд, ки ҳар лаҳза метавонист иҷрои муқаррароти имзошударо зери шубҳа мононад.  Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Президенти ҷавону дорои неруи бузурги муттаҳидкунанда тавонист тавассути  такмили муносибатҳои мавҷуда, ташаккули механизмҳои ҷавобгў ба талаботи ҷомеа, таъмини ҳамгироии манфиатҳо новобаста ба мавқеъҳо, дарёфти шаклҳои нави пурқувватгардонии иқтидорҳои захиравии давлат, таҳкими боварӣ ва эътимод, эҳё ва истифодаи арзишҳою суннатҳои дорои хусусияти муттаҳидкунанда дар раванди таъмини субот ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва  истифодаи саривақтию ба вазъият мувофиқи онҳо баҳри тағйири вазъ ба самти мусбат таъсири амиқ расонад. Дар ин замина баҳри таҳкими пояҳои давлати навбунёди миллӣ дар минтақаи аз диди геополитикӣ ҳассосу особпазир гомҳои устувор бардорад, ки имрўз натиҷаҳои онро мо дида истодаем.

АМИТ «Ховар»: Вақт нишон дод, ки ягон зуҳуроту падида наметавонад  Пешвои миллати моро аз роҳи  созандагӣ баҳри миллаташ баргардонад. Ҳар ҳадафе, ки  Президенти  мо онро интихоб намудааст, хоҳ кандани нақбҳои бешумори кишвар бошад,  хоҳ  роҳсозиву бунёди мактабҳои нав ба нави сатҳи ҷаҳонӣ,  ба он ҳатман муваффақ  мешаванд. Яъне  Пешвои миллат ҳар ваъдае, ки дар назди миллаташон  кардаанд,  онро сарбаландона иҷро  намудаанд. Инак, Эмомалӣ Раҳмон ва Роғун.

Махфират Хидирзода: Воқеан ҳам, Пешвои муаззами миллат, ҳамчун шахсияти таърихсоз дар марҳилаи кунунии ташаккул ва рушди давлатдории миллии мо тавонистанд ҳар қавлеро, ки ба мардумашон дода буданд, сарбаландона иҷро намоянд. Тоҷикистонро аз харобаҳои баъдиҷангӣ ба кишвари чароғону обод ва роҳ ба сӯйи рушди устувор пешгирифта роҳнамоӣ намуда истодаанд. Ҷавонии худро фидои ҳамешаҷавонии Тоҷикистон ва мардуми тоҷик намуданд. Сидқан дўст доштани Ватану миллатро ба ҳамагон бо амалашон омўхтанд. Устуворӣ дар роҳи ба даст овардани мақсад, иродаи матин ва рӯҳафтода нашудан дар назди мушкилиҳо, қотеият дар роҳи пешгирифта, ҷасорат дар иҷрои амал накутарин хислатҳое ҳастанд, ки тавассути онҳо Пешвои муаззами миллат дар шароити пурталотуми ҷомеаи ҷаҳонӣ сафинаи давлатдории моро беосеб пеш бурда истодаанд. Сарвари давлат қадам ба қадам ҷомеаро ба қуллаи мақсуд наздик менамоянд, ки яке аз намунаҳои беҳтарини он бунёди иншооти аср — НБО-и «Роғун» мебошад. Ин ормони миллие, ки тайи чандин даҳсолаҳо фақат орзу буд, имрӯз ба воқеият табдил шуда истодааст. Тавассути  мушкилнописандӣ ва рӯҳи қавию иродаи устувори  Пешвои муаззами миллат  мо имрӯз шоҳиди мубаддал гаштани орзую ормон ва афсона ба воқеият гашта истодаем. Кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти таърихсози он кас корномаи шахсияти бузурги таърихӣ дар масири бунёди давлати миллист, ки аз он метавон ифтихор кард.Бо бунёди неругоҳи «Роғун» оғози боз як марҳилаи нави таърихӣ моро дар пеш аст, ки имкониятҳои бештареро баҳри таҳкими рушди устувор фароҳам оварда, халқро дар роҳи бунёдкорию созандагӣ рӯҳбаланд месозад. «Роғун» шаҳодати ҳамдилии Пешвои миллат бо ҷомеа аст, ки имрӯз муваффақиятро дар самти амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ таъмин намуда истодааст.

                                                                  Сайрам БАҚОЗОДА,
                                                                      АМИТ «Ховар»