Устодони санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Душанбе омаданд

 Дирӯз тавассути хатсайри шабона ҳайати фарҳангӣ ва санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Душанбе ташриф овард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмононро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода истиқбол гирифтанд. 

Ба ҳайати меҳмонон сарояндагон, навозандагон ва раққосони зиёди маъруфи Ӯзбекистони бародар, аз ҷумла Ҳунарпешагони халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев, Юлдуз Усмонова, Фаррух Зокиров, Озодбек Назарбеков, Бунёдбек Саидов ва дигарон шомил мебошанд.

Худи ҳамин рӯз ҳунармандон аллакай тамрини  муштаракро   оғоз намуданд. Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев нимаи дуюми рӯзи 9 март дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» консерти пуршукӯҳи устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» баргузор мегардад. Дар ин консерт устодони санъати Тоҷикистон – Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Ҷурабек Муродов, Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Саидқул Билолов, Давлатманд Холов, инчунин Рустам Дуллоев, Нигина Амонқулова, ҳунармандони ансамбли давлатии «Шашмақом» ва дигарон низ  ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дар консерт сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев, инчунин аъзои ҳайати расмии Ӯзбекистон, аъзои ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон, намояндагони корпуси дипломатии дар шаҳри Душанбе аккредитатсияшуда ва аҳли ҷомеа иштирок менамоянд.

Фаррух Зокиров дар мусоҳибаи кӯтоҳе бо хабарнигори АМИТ «Ховар» хурсандии худро аз ин рӯйдод пинҳон намекард. «Хеле шод аз он ҳастам, ки муносибатҳо миёни кишварҳоямон наздиктар мешаванд ва табодул дар ҳамаи соҳаҳо  меафзояд. Мо бесаброна ин рӯзро интизор будем. Шахсан, ман Душанберо пазмон шудаам, зеро дер боз инҷо набудам. Шаҳри Душанбе тамоман ба таври  шинохтанашаванда  дигаргун шудааст!».

Ёдовар мешавем, ки соли 2000 Фаррух Зокиров ва Мардон Мавлонов бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардида буданд.

АМИТ "Ховар"