Фалак-таҷассумгари рӯҳи озод

Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ, аз ҷумлаи беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳақ мусиқии шаклан озод ва таҷассумгари рӯҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем.
Эмомалӣ Раҳмон
Санъати мусиқии халқи тоҷик таърихи бостонӣ ва рангину пурғановат дорад. Имрӯз дар муҳити нави рушди санъат анъанаҳои беҳтарини он идома доранд ва бо тобишҳои тоза ҷаҳони маънавӣ ва завқи зебописандии муосиронро сайқали тоза мебахшанд.
Дар ин радиф Шашмақом ва Фалак аз зумраи ганҷинаҳои бебаҳое мебошанд, ки аз қаъри асрҳо то замони мо ҳамчун мусиқии классикии халқи фарҳангпарвару санъатдӯсти мо ба ёдгор мондаанд.
Рушду пешрафти фарҳанги миллӣ ва муаррифӣ намудани он ба ҷаҳониён, яке аз паҳлуҳои муҳими сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор меравад. Барои нигоҳдошт ва ҳифзу инкишофи дастовардҳои  фарҳангии хеш дар миқёси умумибашарӣ мардуми  тоҷик низ саҳми беандоза гузоштааст. Маҳз заҳматҳои фарзандони фарзонаи миллат буд, ки тавонистанд мероси фарҳангиву таърихии халқи хешро, новобаста аз чолишҳои замона ҳифзу нигаҳдорӣ намоянд ва бар замми  куҳанбунёд будан, таърихи бою пурғановати хешро тавонистанд, ки ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки барои ҳифз ва мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор додани мероси фарҳангии ғайримоддӣ аз ҷониби ЮНЕСКО Конвенсия (2003) қабул шудааст. Ҳадафи асосии он нигаҳдошт, эҳтиром, ҷалби таваҷҷуҳи мардум ва ҳамкории байналмилалӣ барои мусоидат дар самти ҳифзи ин мерос буда, самтҳои он муқаррар гардидааст. Инҳо эҷодиёти даҳании халқ, санъати иҷрокунандагӣ, анъанаҳо ва ҳунарҳои мардумӣ мебошанд. Дар ин миён мусиқии мардумӣ ҳамчун фолклори мусиқӣ эҷодиёти халқ буда, асосан дар намуди шифоҳӣ аз насл ба насл меояд ва мусиқии суннатии тоҷик дар худ ҳам мусиқии этнографӣ ва ҳам жанрҳои гуногуни мусиқии касбӣ, аз қабили Шашмақом ва Фалакро фаро мегирад, ки таърихи хеле қадимӣ доранд.
 
Дар навбати худ мусиқии Фалак чун ҷузъи қавии фарҳангии тоҷикон ба шумор рафта, ҳамчун жанри мусиқии суннатӣ аз замонҳои хеле қадим вуҷуд дошт ва бо мурури замон такомул ёфта, хусусиятҳои тоза касб намудааст.  Фалак аз рӯйи эҷоди оҳангу сурудҳо ба чанд гурӯҳ ҷудо мешавад. Аслан ду намуди онро имрӯз мутахассисон маъмул мешуморанд. Ин фалаки роғӣ ва фалаки даштӣ аст. Фалаки роғӣ фалакест,  ки бо ҳамоҳангии асбобҳои мусиқӣ иҷро мешавад, аммо фалаки даштӣ бе истифодаи асбобҳои созӣ суруда мешавад. Дар қатори онҳо имрӯз фалаки дарвозӣ, фалаки афғонӣ ва фалаки кӯҳистонӣ ҳам маъмул гаштаанд. Ин шаҳодати он аст, ки дар ҳар минтақа ин жанри мусиқӣ ба таври вижа тавлид ва иҷро мешудааст. Танҳо фалаки кӯҳистониро муҳаққиқон марбути ҳама мардуми манотиқи кишвар медонанд.
Агар ба авроқи таърих назар кунем, маълум хоҳад шуд, ки яке аз нахустин бузургони маърифат Шайх Абӯ Саиди Абулхайр (а.10-11) албатта, бо мақсади бештар ҷалб намудани таваҷҷуҳи оммаи васеи мардум, дар мавъизаҳои хеш аз жанри рубоӣ бо овозхонӣ истифода кардааст.
Ҳамчун «артефакт», яъне падидаи хоси фарҳангӣ-ҳунарӣ, жанри фалакхонӣ аз ҳамон замонҳо то ба имрӯз дар байни мардуми одӣ, дар мавзеъҳои дурдасти кӯҳистон, дар репертуари сарояндагони хушовоз ва мутрибони моҳир ҷойи худро гум накардааст. Фалакхонӣ ҳунари мардумӣ буда, ба гӯшу ақлу ҳуши мардуми одӣ аз воқеияти замон, ҳаводиси рӯзгор маълумот медод, яъне хусусияти маърифатӣ дошт. Тавассути шунидани сурудҳои фалакӣ мардуми тоҷик зина ба зина вориди доираи хештаншиносӣ мегардиданд, оҳангҳои фалак, қиссаҳои кӯтоҳи лирикӣ, ишқӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, иҷтимоӣ, таърихӣ аз насл ба насл хотираи фарҳангии миллатро ташаккул медоданд.
Коршинос Абдулмумин Шарифӣ жанри Фалакро дурри бебаҳои фарҳангии мардуми тоҷик шуморида, ҳастии ҳар як миллатро маҳз фарҳанг ва суннатҳои миллии он медонад: «Жанри Фалак ва Шашмақом  ганҷинаи  бебаҳои фарҳангӣ  ва  суннатии мардуми  мост. Ҳастии  ҳар миллат  фарҳанг  ва суннатҳои  миллии  ӯст. Миллати яҳуд  дар  тӯли 2500  сол  дар кураи  замин  пароканда буд.  Ҳама  чизро  аз даст  дод, ҳатто  то ҷое  забонро. Вале  нигоҳ доштани  фарҳанг  ва суннатҳои  миллию  мазҳабӣ ин  миллатро  ба он  овард, ки  имрӯз баъд  аз  2500 сол  давлати  миллии худро  бисозад.  Фалак дурри  бебаҳои  фарҳанги мардуми  мост. Ҳамон  дурре, ки  шояд  дар оғоз  хеле  сода менамояд, вале  баъди  таҳқиқ бебаҳо  будани  он ҳувайдо  мегардад. Ин  тахмин ҳамон  масалро  мемонад, ки «Бузургӣ  дар  содагист…».
Мавсуф бар ин назар аст, ки Фалак ниёз ба забон, миллат ё мазҳаб надорад. Ӯ шароити ҷуғрофии Тоҷикистонро омили нигаҳдошти сабкҳои нисбатан таърихӣ медонад. «Фалак  мисли  дигар ҳунарҳои  асил  ниёз ба  забон, миллат  ё мазҳаб  надорад. Ӯро  ҳама мефаҳмаду  мешунавад  ва дарк  мекунад. Мисли  ишқ ва  дард. Ҳар  чӣ аз  қалб  омад, ба  қалб  мерасад. Шароити  ҷуғрофии Тоҷикистон  шояд  хушбахтона, ба  он  мусоидат кард, ки  дар  ҳар дараи  ин  кишвар сабкҳои  нисбатан  қадимӣ ва  асили  ин жанр  боқӣ  бимонад. Фикр мекунам  бо  як нохун  задани  рубоби бадахшонӣ  садои  он касро  ба  500 соли ақиб  мебарад.  Ҳамин гуна  сурудҳои  мардумии Хатлон, Рашту  Ҳисору  Зарафшон,  Исфара  ва Панҷакенту  Самарқанд  ва Бухоро  бо  вуҷуди тафовут  дар  сабк ва  ном  умумиятҳои хеле  ба  ҳам монанд  доранд.  Дар устувор  кардани  ҷойгоҳи худ  дар  ҷаҳони муосир  барои  миллати тоҷик  яке  аз роҳҳои  бисёр  муҳим ва  муваффақона, ин  муаррифии фарҳангу  ҳунари  асили миллат  аст, ки  жанри фалак  яке  аз онҳост»,- меафзояд ӯ.
Фалак ҳамчун жанр аз рӯйи мазмуни абёти фалакӣ ва мусиқии дилангези он маънои сарнавишти носозгори умрро дар назар дорад. Аммо ба андешаи бархе аз коршиносони мусиқишинос фалакхонӣ — ин фақат ифодаи сӯзу гудоз ва дарду ҳасрат нест, балки дар бисёр ҳолатҳо таронаҳои Фалак шодиву нишоти дили мардумро низ баёнгаранд.
Ба андешаи фарҳангшинос Ҷонибеки Асрориён, мардуми мо шикоятро бо тамоми садо намекунанд: «Нуқтае, ки мардум бисёр дар он талош мекунанд, ки дар фалак ҷой кунанд, инро шикоят аз фалак медонанд. Вале мо хуб медонем, ки мардуми мо бо тамоми  овоз шикоят  намекунанд, аввал ин ки аз Парвардигор шикоят намекунанд, ҳар чизе ки ҳаст, ба он  шукр мекунанд- агар мо фалакро дар симои Парвардигор бишносем. Дигар ин ки метавонанд ба тариқи муноҷоти хеле оддӣ ва содда ва ҳам бисёр дар дил аз Худованд ҳар чиз тақозо кунанд, на бо доду фарёди беҳуда. Чаро мо бояд шикоят кунем аз Парвардигор? Мардуме бояд шикоят кунад, ки аслан дар таърих қаҳрамонзода надоштанд. Ва мегӯянд, ки тавлидгоҳи Фалак аслан кӯҳистони Хатлон аст. Мардуме, ки муқобили Искандари Мақдунӣ меҷангиданд, арабҳоро шикаст доданд ва шери аввалини тоҷикӣ тавлид шуд. Аввалин муқовиматро онҳо шурӯъ карда, ба муқобили муғул ҷангиданд, муқобили ворисони Темур Хоҷа Юсуфи Хатлонӣ исён кард. Восеъ муқобили манғитҳо ҷангид ва ин мардум аз мардуми заифу тарсу нестанд, ки шикоят кунанд. Ин тарз бояд, ки набошад».
Бояд гуфт, ки  шунавандаи асил агар ба услуби композитсионии фалак таваҷҷуҳ намояд, дарҳол эҳсос менамояд, ки аксари кулли намунаҳои фалакхонӣ аз оҳангҳои вазнин, байтҳои пур аз дард оғоз гарданд ҳам, он дар аснои гузариш ба қисмҳои ниҳоӣ (масалан, ба «Уфари Фалак») ба навоҳои шӯху рақсӣ ва нидоҳои хурсандӣ табдил меёбанд.
Ба назари ин фарҳангшинос, имрӯзҳо бояд ба жанри фалак муносибатро ҷиддитар гирифт: «Чанд соли охир дар ҳамоишу симпозиумҳо дар бораи фалак гап мезананд, вале мутаассифона, сухани тоза нест. Мавзўъҳо, гузориш ва пажӯҳишҳои илмӣ пешниҳод намешаванд. Олимони санъатшинос, мусиқидонҳо ва адабиётшиносон гирду пеши иттилои фалак суҳбат мекунанд.  Дуруст аст, ки фалак як  падидаи иҷтимоӣ аст,  вале ҳеҷ кадоми онҳо дар атрофи он суҳбат намекунанд, ки ин жанри бадеию нави мусиқӣ аст. Бештар атрофи вожаҳои фалак, ҳаво, сутун, осмон ва дар ҳамин бора суҳбат мекунанд. Агар мо фалакро танҳо ба вожаи фалаки арабӣ пайваст кунем, умрашро хеле кӯтоҳ мекунем. Ман гумон мекунам, ки ин хеле фарохтар, дуртар ва сабукгиртар аст.
Масалан, мо агар ба ҳамон асбоби мусиқияш, ки думбра аст, таваҷҷуҳ  кунем, худи думбра ё дутор тақрибан 5 ҳазор сола таърих доранд. Дар ин бора сарчашмаҳои бостоншиносӣ собит карданд, ҳамон осоре, ки аввалин нишонаҳои дуторро бозгӯӣ мекунанд,  ҳам дар Марв ва ҳам дар Чуст пайдо шудаанд. Аслан бояд гуфт, ки фалак дар заминаи рубоиҳо хонда мешавад ва ҳамин рубоиҳо як фарҳанги бузурганд, як луғатнигории зебо ҳастанд, як осори шигарф хастанд, ки мо бояд ба он таваҷҷуҳ кунем».
Бояд зикр намуд, ки дар муаррифӣ намудани жанри Фалак ва рушд додани он ҳамчун як намунаи санъати мусиқии умумимиллӣ саҳми фалакхонони беҳтарини мо Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Давлатманд Холов, Соҳиба Давлатшоева ва дигарон хеле барҷаста мебошад.
Дар кишвари соҳибистиқлол баҳри инкишофу муаррифӣ намудани ин жанр Ансамбли давлатии «Фалак» фаъолият мекунад, ки соли 2003 дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Бояд гуфт, ки Ансамбли давлатии «Фалак» тараннумгари мусиқии мардуми  тоҷик буда, роҳбарии онро Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Давлатманд Холов ба уҳда дорад.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2004 то инҷониб ҳамасола 10 октябр ҳамчун «Рӯзи Фалак» ҷашн гирифта мешавад. Ин тадбир барои худшиносии миллӣ, рушди ин жанри мусиқии суннатӣ, эҳё ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва бадеии миллати тоҷик мусоидат мекунад.
Рӯзи «Фалак» ба кулли ҳамватанони азиз муборак бошад!
 
Шаҳлои Садриддин