Шариф Мисайзод сазовори Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дониста шуд

Бо қарори Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соҳаи радио дар соли 2015 ба ҳамсари журналисти радиои «Садои Душанбе» Шариф Мисайзод (баъд аз маргаш) тақдим карда шуд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни сухани табрикӣ ба иштирокдорони маросими ботантанаи супоридани Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ки шоми дирӯз дар Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ баргузор гардид, аз муваффақиятҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор кард, ки дар рушди босуботи мамлакат ва музаффариятҳои даврони истиқлолият саҳми ВАО ва  журналистон хеле калон мебошад. «Ҳукумати мамлакат дар ҳалли мушкилоти мавҷуда ва фароҳам овардани зиндагии боз ҳам шоиставу арзандаи сокинон минбаъд низ ба аҳли қалам такя мекунад», — таъкид кард А.Раҳмонзода.
Дар бахши телевизион Ҷоизаи ба номи устод Лоҳутӣ ба Исматулло Азизов барои силсилабарномаҳои муаллифӣ ва дар бахши илмиву тадқиқотӣ ба олими соҳа Шариф Муллоев барои пажӯҳиши жанрҳо ва услубҳои журналистика сазовор дониста шуд.
Ҷоизаи ба номи устод Лоҳутӣ дар бахши матбуот ба чор журналист: Маҳмадалӣ Мақсадулло (барои силсиламақолаҳо дар мавзӯи рушди маънавиёт), ба Иршод Сулаймонӣ (барои силсиламақолаҳои таҳлилӣ), ба Абдулмаҷид Бобоҷониён (барои силсиламақолаҳо дар мавзӯи нигаҳдошти арзишҳои маънавӣ) ва ба Ҳасан Юсуфи Файзбахш (барои силсилаи мақолаҳо дар мавзӯи рушди маънавиёт) сазовор дониста шуд. Ба ғолибон мукофоти пулӣ, шаҳодатнома ва нишони лауреати Ҷоизаи Абулқосим Лоҳутӣ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин дар маҳфили дирӯза Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ ба донишҷӯёни факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хуршед Мавлонов ва Гулбаҳор Раҳмонова дода шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки ҷоизаи мазкур ҳамасола дар чор бахш: матбуот, радио, телевизион ва маводи илмӣ-тадқиқотӣ супорида мешавад.