Шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда, зимни он вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2015 ва давраи миёнамуҳлати оянда муайян намуд.
Ирсоли Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум сурат гирифт.
Роҳбарияти парлумон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти оғози ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бинои Маҷлиси Олӣ ба ҷо оварда, барои шунидани паёми навбатии Президенти кишвар ба толори калони Кохи Сомон, ки дар қароргоҳи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ташриф оварданд.
Дар толор, ҳамчунин Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, мақомоти марказии судӣ ва дигар идораҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарони корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, ширкатҳои фаъолу соҳибнуфузи хусусӣ, намояндагони ҳайати дипломатӣ, воситаҳои ахбори умум ва дигар шахсони масъул ҷамъ омаданд.
Дар оғози паём Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз масъулияти ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвар ёдовар шуда, таъкид дошт, ки “ҳар яки мо вазифадорем тамоми азму ирода ва нерӯву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар намоем”.
Бо таваҷҷуҳ ба рафти иҷрои нишондодҳои паёми соли гузаштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ зикр гардид, ки барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаҳои афзалиятноки кишвар, инчунин вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 233 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 97 тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷорӣ, 26 консепсияву стратегия ва барномаҳо, 77 шартномаву созишнома ва протоколҳои байналмилалӣ, 18 созишномаи қарзиву грантӣ таҳияву қабул шуда, мавриди татбиқ қарор доранд.
Тазаккур дода шуд, ки дар соли 2014, бо вуҷуди таъсири манфии равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва минтақа рушди иқтисоди мамлакат дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуд ва иҷрои дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятноки Ҳукумати Тоҷикистон таъмин шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 45,6 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 6,7 фоизро ташкил дод. Буҷети давлатӣ дар соли 2014 дар сатҳи 102 фоиз иҷро гардид. Даромадҳои пулии аҳолӣ нисбат ба соли 2013 12 фоиз зиёд шуда, ба 23,8 миллиард сомонӣ баробар гардид ва пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо 21 фоиз афзоиш ёфт. Сатҳи таваррум дар доираи меъёри барномавии пешбинишуда ва ҳатто камтар аз он нигоҳ дошта шуд. Соли 2014 дар қаламрави мамлакат беш аз 252 ҳазор ҷойҳои нави кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъсис дода шуданд.
Ҳамаи ин дастовардҳо боиси аз 35,6 ба 32 фоиз поён рафтани сатҳи камбизоатӣ гардиданд.
Гузашта аз ин, қарзи берунаи Тоҷикистон нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар даҳ соли охир 1,7 баробар кам шуд ва ҳоло 22,8 фоизи онро ташкил медиҳад.
Таъкид гардид, ки танҳо дар 7 соли охир даромади буҷети давлатӣ беш аз 4 баробар афзоиш ёфтааст ва барои соли 2015 ҳаҷми он 15,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад. Зиёда аз 50 фоизи хароҷоти буҷети давлатӣ ё худ қариб 8 миллиард сомонӣ ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда мешавад.
Зикр гардид, ки танҳо дар 5 соли охир музди кори кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустиву фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз дуюним то се баробар зиёд карда шуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки имсол низ аз якуми сентябр музди кори кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ аз 15 то 25 фоиз зиёд карда мешавад.
Ғайр аз ин, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои кории шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 20 фоиз, стипендияи донишҷуён ва дигар намудҳои стипендия 30 фоиз ва музди кори ҳадди ақал 60 фоиз зиёд гардида, андозаи он аз 250 сомонӣ то ба 400 сомонӣ расонда мешавад. Қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ низ индексатсия карда мешавад.
Бо таваҷҷуҳ ба таъмини истиқлоли энергетикии Тоҷикистон, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар аст, аз ҷумла зикр гардид, дар соли 2014 нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2 пурра ва ҳарду агрегати навбати якуми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе – 2” ба кор дароварда шуд ва сохтмони навбати дуюми ин марказ оғоз ёфт. Бунёди марказ то соли 2017 пурра анҷом ёфта, иқтидори умумии барқиаш ба 400 мегаватт расонда мешавад. Соли 2014 ҳамчунин ташхиси мустақили байналмилалии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва арзёбии таъсири экологиву иҷтимоии он анҷом ёфт ва имрӯз корҳои барқарорсозиву сохтмонӣ дар ин иншооти тақдирсоз тибқи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ идома доранд.
Вақтҳои наздик татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳимми давлатӣ, ки аҳмияти минтақавӣ доранд, аз ҷумла сохтмони хатти интиқоли барқи баландшиддати КАСА-1000 ва лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз меёбад. Гузашта аз ин, корҳои лоиҳакашӣ ва омодагӣ ба оғози сохтмони нерӯгоҳҳои обии “Шӯроб”, “Нуробод - 1”, “Нуробод - 2”, “Айнӣ”, “Фондарё”, “Санобод” ва “Себзор” идома дошта, сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва бунёду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқӣ ба итмом расонида мешавад.
Дар баробари ин, тармиму навсозии нерӯгоҳи Норак идома дорад ва ҳамин кор дар соли 2015 дар нерӯгоҳҳои Қайроққум ва Сарбанд шурӯъ мешавад. Барои амалисозии ин се лоиҳа, яъне таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳҳое, ки зиёда аз 40-50 сол боз хизмат мекунанд, якуним миллиард сомонӣ равона карда мешавад.
Умуман, дар даврони истиқлолият даҳҳо нерӯгоҳҳои хурду бузург ва маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 1020 мегаватт сохта, ба истифода дода шудаанд, ки ин ба 24 фоизи иқтидорҳои аз замони шӯравӣ то имрӯз истифодашаванда баробар аст.
Таъкид гардид, ки бо 65% дар даврони истиқлол афзудани шумораи аҳолӣ ва афзоиши теъдоди корхонаю муассисаҳо истеъмоли нерӯи барқ низ зиёд мегардад. Аз ин хотир, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ширкати Барқи Тоҷик дастур дода шуд, ки барои истифодаи самарабахши иқтидорҳои мавҷудаи соҳа ва кам кардани талафоти нерӯи барқ “системаи ҳисоби яклухти интиқоли нерӯи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқол”-ро татбиқ намоянд.
Зикр гардид, ки имсол дар маркази ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, мактабу беморхонаҳо барқ ҳаст, корхонаҳои саноатӣ пурра кор мекунанд ва умуман лимити интиқоли барқ нисбат ба 2-3 соли пеш қариб 5 соат зиёд аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шумораи зиёди ширкатҳои дохилию хориҷӣ, ки ба иктишоф ва истихроҷи захираҳои табиӣ, аз ҷумла нафту газ машғуланд, ёдовар шуда, таъкид дошт, ки иҷрои шартҳои созишномавӣ аз ҷониби онҳо мунтазам назорат карда шавад ва дар сурати иҷро нашудани шартҳо доир ба бозхонди иҷозатномаҳои онҳо чораҳои дахлдор андешида шавад.
Бо ёдоварӣ аз дастовардҳои бузург барои раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, аз ҷумла сохтмону навсозии роҳҳои зиёди байналмилалию ҷумҳуриявии оҳану мошингард таъкид гардид, ки татбиқи пурраи ин ҳадафи стратегӣ дар солҳои оянда низ ҳамчун самти муҳимму афзалиятноки фаъолияти Ҳукумат боқӣ хоҳад монд.
Бо изҳори қаноат аз рушди бонизоми саноат дар Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмон ва ба кор даромадани корхонаҳои бузурги истеҳсоли металҳои гуногун, семент ва дигар масолеҳи сохтмонӣ, корхонаҳои коркарди нахи пахта, меваю сабзавот, гӯшту шир ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, ки бо технологияҳои муосири ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз шудаанд, ҳамзамон ба Ҳукумати мамлакат дастур дода шуд, ки барномаи дарозмуддати пешрафти соҳаи саноатро таҳия ва қабул намояд.
Ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ки омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ ва имкони хуби афзун намудани иқтидори содиротии Тоҷикистон аст, таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар панҷ соли охир масоҳати заминҳои боғу токзор қариб 20 фоиз ва кишти сабзавот 30 фоиз ва ҳаҷми истеҳсоли меваю сабзавот 50 фоиз зиёд гардида, тамоюли афзоиши ҳаҷми истеҳсоли дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ низ ба назар мерасад.
Бо вуҷуди ин, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари дахлдор барои беҳсозии сиёсати соҳа ва дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, аз ҷумла соҳибкорони истеҳсолӣ тавассути роҳандозии босамари шарикии давлат ва бахши хусусӣ чораҳои муассир андешида, амалӣ намоянд.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои боз ҳам соддаву оммафаҳм намудани низоми андозбандӣ ва беҳсозии шароити рушди соҳибкорӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Тавре зикр гардид, тайи 5 соли охир танҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна беш аз 720 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудаанд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зоҳир гардид.
Дар робита ба тарбияи фарзандон ва насли ҷавони кишвар таъкид гардид, ки фарогирии онҳо бо таълиму тарбияи босифат ва роҳ надодан ба гароидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои хатарноки ифротгаро дар маркази таваҷҷуҳи падару модарон, устодону омӯзгорон ва тамоми аҳли ҷомеа бояд қарор дошта бошад.
Доир ба ҳифзи сиҳатии мардум, хусусан модару кӯдак ва бунёди оилаҳои солим, ки аз омилҳои асосии ба воя расондани насли ояндасози кишвар мебошанд, низ супоришҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла пешниҳод гардид, ки дар Тоҷикистон институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад.
Яке аз мавзӯъҳои марказии паём омодагӣ ба маъракаи муҳимми сиёсӣ - интихоботи Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо буд. Дар робита ба ин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Ин чорабинии сиёсӣ бояд дар доираи талаботи Конститутсияи Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, шаффофу озод, ба таври демократӣ ва бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон доир гардад. Сохторҳое, ки ба баргузории ин чорабинӣ масъуланд, бояд ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсии дар интихобот ширкаткунанда ва ба номзадҳои пешбаришуда шароити баробар муҳайё созанд”.
Ҳамчунин таъкид гардид: “Интихоботи навбатӣ бояд ба омили муттаҳидкунандаи халқи Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии мардуми кишвар ва болоравии эътибору обрӯи давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардад.
Ман бори дигар хотирнишон менамоям, ки ҳамаи мо барои фардои давлату миллат, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, хулоса, барои ояндаи осудаи Тоҷикистон масъулият дорем”.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ҷангҳои харобиовар дар як қатор давлатҳо ва афзун гардидани хатару таҳдидҳо аз ҷониби унсурҳои терроризму ифротгароӣ дар минтақа ва ҷаҳон дар назди роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат доир ба баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, инчунин омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаҳои мушаххас гузошт.
Ҳамчунин таъкид гардид: “вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осиштаро муҳайё созем”.
Дар робита ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон, аз ҷумла зикр гардид, ки “имрӯз усулу асосҳо ва афзалиятҳои сиёсати хориҷӣ, ки аз ҳимояти манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодиву истиқлолияти кишвар, амнияту суботи ҷомеа ва таъмини рушди Тоҷикистон иборат аст, тағйир наёфтааст. Муҳтаво ва ҳадафҳои сиёсати дарҳои кушода, ки бо амалӣ намудани он сарзамини мо сафи дӯстони худро пайваста зиёд намудааст, ҳамоно мисли пештара боқӣ хоҳанд монд ва барои тақвияти равобити Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои дунё хизмат хоҳанд кард”.
Дар ин бахши паём Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба алангаи нави мухолифату низоъҳо дар Шарқи Наздик ва минтақаҳои дигари дунё таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аз ҷумла таъкид дошт: “Зуҳуроти фалокатбори терроризму ифротгароӣ ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Тамоюли торафт қувватгирандаи сиёсӣ намудани ислом фақат бар зарари он сурат гирифта, дар назди оламиён симои поки аҳли ин динро манфур намоиш медиҳад”.
Дар хулосаи паём, аз ҷумла таъкид гардид, ки “ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар афзал донистани манофеи давлату миллат, саъю талоши пайваста ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иқтидори иқтисодии давлат вазифаи шаҳрвандӣ ва масъулияти фарзандии ҳар яки мову шумо – аъзои Ҳукумат, вакилони мардумӣ, роҳбарону масъулони идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва умуман тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”.