Эй магас, арсаи симурғ на ҷавлонгаҳи туст …

Шароити ваҳдату ҳамбастагӣ ва суботи устувор, рушди мунтазам, тақвияти бахши хусусӣ ва бунёди инфрасохтори васеи иқтисодӣ, сайёҳӣ ва иҷтимоӣ дар ватани  аҳбубамон барои мавҷудияти неруи сиёсие чун ҳизби диннӣ зарурате боқӣ намондааст. Мавҷудияти созмоне мисли Ташкилоти терористии эктремистии ҳизби наҳзати исломӣ барои оромии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хатарнок аст.

Насли ҷавони кишвар аллакай оид ба таърихи пайдоиш ва хиёнатҳои ин ҳизб маълумоти фарогир дорад, аҳдофи шумаш бозгў гардидааст, зарфият, иқтидори фикрӣ, кадрӣ ва ҳайсияти он ба чанд далели амалҳои терористии ин гурўҳ солҳои охир дар қаламрави кишварамон «вақт довар» буданро нишон дод.

Пас аз истиқрори сулҳ як гурўҳ намояндагони ин ҳизб ба сари қудрат расиданд. Суоле ба миён меояд, ки онҳо барои дину мазҳаб, ваҳдати эътиқодӣ ва нашри осори исломӣ бо истифода аз фурсату шароити муносиб чӣ хидмати арзишманде анҷом доданд? Танҳо сарват ҷамъ карданду суннати чанд зан доштан ва бадахлоқии носозгор бо исломро «пос» доштанд.

Ҳар гоҳ наҳзатиҳо аз қудрат дур мешаванд, аз оҷизию нотавонӣ номи исломро барои худ сипар карда, бо услуби авомфиребона аз беадолатӣ, поймол шудани ҳуқуқҳо ва фишору тазйиқи аъзоёнашон дар тамоми ҷаҳон садо баланд мекунанд, дар ҳаққи миллату Ҳукумати кишвар бадгўиҳоро раво мебинанд. Аҷабо, яъне агар қудрат дар дасти онҳо нест, пас миллати тоҷик нохуб аст?!

Роҳбарияти ин ташкилоти террористӣ пайваста аз кишварҳои хориҷӣ дидан мекард, бо китфбўсиҳои хоҷаҳои берунаашон аз онҳо маслиҳат мегирифтанд. Навор ва аксҳои тасдиқкунанда дар интернет аз муздур будани ин ҳизб, муддаиён ва роҳбаронаш дарак медод.

ТТЭ ҲНИ арзишҳои динӣ ва миллиро қоил нест ва ба хотири расидан ба аҳдофи сиёсияш аз ягон роҳу усули мубориза рўй намегардониданд. Ин ҳизб худро дар зоҳир масъулиятшинос ва хайрхоҳу ғамхори мардуми кишвар медонист, вале дар асл ин ҳама даъвоҳои дурўғин буда, ба ҷуз аз назари мардум пинҳон доштани тавқи муздурии солҳои сол бар гарданашон овезон чизи дигаре беш набуд. Бегумон, ҳар раванду ҷараёни дурўғин, риёкорӣ ва чоплусӣ оқибат ошкор шудааст, махсусан, дар марҳилаи ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки вобаста пандемияи коронавирус КОВИД-19 ба вуҷуд омадааст, чеҳраи воқеии ТТЭ ҲНИ ва хоҷагону пуштибонони хориҷиашон шаръан ва моҳиятан ошкор кард. Дар ҳоле, ки бисёр кишварҳое ҳам гурўҳои мухолиф доштанд, дар канори давлату миллат қоим шуданд дар бартараф кардани оқибатҳои пандемия саҳми фаъол гузоштанд.

Насли ҷавон фаромўш нахоҳад кард, ки дар оғози Истиқлолияти давлатӣ роҳбарону муассисони ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ бо сармояи хоҷагони хориҷиашон вазъияти сиёсиву иҷтимоии мамлакатро печида карда, сабабгори ҳалокати беш аз 150 ҳазор одам гардиданд.

Раванди воқеоти гузаштаву имрўза ва аъмоли ноҷавонмардонаи наҳзатиёни террорист нишон медиҳад, ки барои ин гурўҳи сияҳкор истиқлолият, давлат ва ҳуввияти миллӣ ҳеҷ арзише надорад. Аъзои фирории ТТЭ ҲНИ, ки ҳамчун абзори бозиҳои сиёсӣ истифода мешаванд, ҳанўз ҳам аз кирдорҳои нангине, назири таъсиррасонӣ ба мафкураи мардум, бесубот кардани вазъи дохилии Тоҷикистон даст набардоштаанд ва «чашми умед» доранд. Зеро онҳо ғуломи пулу сармоя гашта, ба асли арзишҳои дини мубини ислом як тараф, ба арзишҳои инсонӣ пушт гардондаанд.

Чун оина равшан аст, ки дастовардҳои бесобиқаи давлату миллати тоҷик, ҷойгоҳи баланди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути шоҳкориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҳзатиёнро башиддат нороҳату асабонӣ кардааст. Ин ҳақиқатро метавон аз матолибу гузоришоти ғаразноки сомонаҳои интернетие, ки таҳти ҳимояти молии хоҷагони ТТЭ ҲНИ қарор доранд, дарёфт. Қаламбадастони хоину беномус ба маҳзи ризоияти муассисонашон аз ҳеҷ дурўғу тавтеасозӣ нисбат ба давлату Ҳукумат ва мардуми тоҷик парҳез намекунанд ва гумон аст, ки барои ислоҳи худ дар ин самт гоми мусбат бардоранд. Зеро чунин бешарафӣ одати деринаву зотии ин гурўҳи аввомфиреб буда, ба масали тоҷикӣ «Тарки одат амри муҳол аст».

Ба ёд орем, ки саркардагони наҳзат дар оғози даврони Истиқлолияти давлатӣ ба ҷойи ҳимоят аз истиқлолияти сиёсии кишвар ва арзишҳои миллӣ барои расидан ба қудрат мардуми ноогоҳро аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба пойтахти кишвар оварда, мунтаҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ кашонданд. Он замон, масири тақдирсўзе, ки душманони миллат мардуми дур аз сиёсатро ба он ворид карданд, роҳи садамавӣ буд, зеро на танҳо истиқлолият, балки вуҷуди давлат зери хатар қарор гирифта буд.

Аз ин рў, ҳар даъвое, ки ин гурўҳи худбохта оид ба озодиву озодандешӣ пеш меоварад, ҳарфи дурўғе беш нест. Зеро исботи дурўғпардозиву тавтеасозии террористони наҳзатӣ кори мураккабе набуда, бо як нигоҳ ба таъриху роҳи тайкардаи ТТЭ ҲНИ ҳамаи воқеиятҳо пеши назар меоянд. Ҳеҷ як фарди худогоҳ инкор нахоҳад кард, ки ин ташкилоти террористӣ аз бунёдаш зиддимилливу зиддинӣ буда, то кунун ҳеҷ амали хуберо ба манфиати давлату миллати тоҷик анҷом надодааст ва нахоҳад дод.

Эй магас, арсаи симурғ на ҷавлонгаҳи туст,

Ирзи худ мебарию заҳмати мо медорӣ.

Хушдили ФУРУҲАР,

таҳлилгар