Э.Раҳмон кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД –ро аз нуқтаи назари таҳияи усулҳои умумии давлатҳои аъзо самаранок арзёбӣ намуд

Зимни  брифинг бо рӯзноманигорон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  кори ҷаласаи Шӯрои  Амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро  аз нуқтаи назари таҳияи усулҳои умумии давлатҳои аъзо оид  ба масъалаи муҳими вазъияти  муосири байналмилалӣ, арзёбии хусусиятҳои он ва тамоюли асосии вазъ дар ҷаҳон ва минтақа  самаранок арзёбӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар ҷаласа суҳбати ошкоро дар бораи вазъи  ҳамкорӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди Созмон доир  гардид.
 «Сарони давлатҳо  ба таҳдидҳо ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ нисбат ба давлатҳои аъзои  Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва чораҳои имконпазири  муборизаи дастаҷамъӣ  бо онҳо дар ояндаи наздик диққати  худро  равона  намуданд», - гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сарвари  Тоҷикистон зикр  намуд, ки оид ба зарурати расонидани кумаки воқеӣ ба таҳкими амнияти марзҳои ҷанубии минтақаи  созмон, аз ҷумла ба  қитъаҳои Тоҷикистону Афғонистон диққати махсус дода шуд.
 «Мо як силсила чорабиниҳоро барои беҳтар намудани фаъолиятамон   дар доираи СААД  муайян намудем. Ин баланд бардоштани омодагии ҳарбӣ  ва таҷҳизоти моддиву техникии қувваҳои дастаҷамъӣ  ва воситаҳо, зудамалии  онҳо, бо ин мақсад  баргузории машқҳои муштарак ва омӯзиш, густариши  мубодилаи доимии иттилоот ва як зумра  тадбирҳои дигар ба таҳкими иқтидори Созмон мебошанд", қайд намуд  Э.Раҳмон.
Дар хотима Э.Раҳмон илова намуд, ки ба масоили густариши ҳамкорӣ миёни корхонаҳои саноатии мудофиа  бояд  диққати ҷиддӣ дод.