Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат”

ҚОНУНИ 
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ
 
Бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон, Қонуни мазкур вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ муқаррар мекунад.
 
Моддаи 1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат
 
1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.
2. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
3. Ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, эътироф карда мешавад.
 
Моддаи 2. Мавзӯи танзими Қонуни мазкур 
 
Қонуни мазкур дар қатори салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, инчунин мафҳум ва вазъи сиёсӣ-ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, имтиёзу кафолатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ӯро дар давраи фаъолият ва баъди қатъ гаштани фаъолияти президентиаш муқаррар менамояд.  
 
Моддаи 3. Салоҳияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат
 
1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат вобаста ба хизматҳои бузурги таърихиаш дар назди халқу давлати Тоҷикистон чунин салоҳиятро якумра доро мебошад:
- ба халқи Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои муҳими сохтори давлатӣ, амнияти кишвар, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муроҷиат намояд, ки ба инобат гирифтани онҳо барои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад;
- дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, оид ба масъалаҳои баррасишаванда суханронӣ намояд;
- дар ҳолати ба вуҷуд омадани буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ҳалли онҳо мусоидат намуда, машварату маслиҳат диҳад.
2. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳамчун собиқ Президент узви якумраи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад.
3. Масъалаҳои муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мувофиқа карда мешаванд.
 
Моддаи 4. Таъсиси орден ва ҷоизаи давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат
 
1. Ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар назди Ватан чунин орден ва ҷоиза таъсис дода мешаванд:
- ордени «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон», ки барои хизматҳои шоён дар фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешавад;
- ҷоизаи давлатии «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон», ки ҳар се сол барои ҳиссаи арзанда дар рушди демократия, таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва дӯстии байни халқҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешавад.
2. Тасвири ордени «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» ва тартиби сарфарозгардонии онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
3. Низомномаи ҷоизаи давлатии «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.
4. Орден ва ҷоизаи давлатии дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда мукофотҳои давлатӣ ба шумор рафта, дорои имтиёзҳое мебошанд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
 
Моддаи 5. Дахлнопазирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат
 
1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Ӯ барои амалҳояш дар давраи иҷрои ваколатҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва салоҳияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. 
2. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан, кофтуков кардан ва маҷбуран овардан манъ аст. 
3. Дахлнопазирӣ ба молу мулки хусусӣ, ҳамчунин молу мулки аъзои оила, ба манзили истиқоматӣ, бинои хизматӣ, нақлиёт, воситаҳои алоқа, мукотиба ва ҳуҷҷатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ мегардад. 
 
Моддаи 6. Таъмини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат
 
1. Барои таъмини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат баъди қатъ гаштани ваколати президентиаш бинои хизматӣ ҷудо карда шуда, Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат таъсис дода мешавад.
2. Сохтор ва басти вазифавии Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муқаррар карда мешаванд. Кормандони Дафтардорӣ мақоми хизматчии давлатиро доранд.
3. Барои Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар қисмати марказии пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ва дар зодгоҳаш биноҳои алоҳидаи корӣ ҷудо карда мешаванд, ки онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, воситаҳои техникию коммуникатсионӣ, алоқа ва нақлиёт таъмин мегарданд. 
 
Моддаи 7. Таъмини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо воситаҳои алоқа
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳуқуқ дорад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон якумра аз воситаҳои алоқаи ҳукуматӣ ва дигар намуди алоқа ройгон истифода намояд. Тамоми намудҳои хизматрасонии алоқа дар доираи хизматрасонии ҳукуматӣ амалӣ карда мешаванд.
 
Моддаи 8. Таъмини амнияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат 
 
1. Таъмини амнияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба мақомоти давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад.
2. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар ҷойи будубоши доимӣ ва муваққатӣ бо ҳимояи якумраи давлатӣ таъмин карда мешавад.
3. Аъзои оилаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо ҳимояи давлатӣ таъмин карда мешаванд.
 
Моддаи 9. Таъмини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо манзили истиқоматӣ
 
Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш қатъ гардидааст, ҳамчун моликияти хусусӣ хонаи истиқоматӣ ва бӯстонсарои давлатӣ бо хизматрасонии зарурии давлатӣ ҷудо карда мешавад.
 
Моддаи 10. Таъмини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо нақлиёт
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат баъди қатъи ваколати президентиаш якумра бо автомашинаи хизматӣ ва ронанда таъмин карда мешавад. 
 
Моддаи 11. Осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат
 
1. Дар давраи иҷрои ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таъсис дода мешаванд.
2. Осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат сарвати миллӣ буда, моликияти давлатӣ ба шумор мераванд.
3. Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зодгоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат осорхонаҳо таъсис дода мешаванд.
 
Моддаи 12. Таъмини хизматрасонии тиббӣ ва табобатию истироҳатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат 
 
Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, пас аз қатъи ваколати президентиаш, якумра хизматрасонии ройгони тиббӣ ва табобатию истироҳатӣ, ки дар давраи иҷрои ваколати президентиаш расонида мешуд, нигоҳ дошта мешавад. 
 
Моддаи 13. Таъмини нафақа ва суғуртаи ҳаёт ва саломатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат
 
1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш қатъ гардидааст, новобаста ба синну солаш, бо нафақаи ҳармоҳа ба андозаи 80 фоизи музди моҳонаи вазифавии Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад. 
2. Ҳаёт ва саломатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш қатъ гардидааст, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи маоши солонаи вазифавии Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии давлатӣ карда мешавад.
 
Моддаи 14. Сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва дигар масъалаҳои таъмини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат
 
1. Хароҷоти дар Қонуни мазкур пешбинишуда, аз ҷумла барои орден ва ҷоизаи давлатии «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон», нигоҳдории Дафтардорӣ, осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда мешаванд.
2. Хизматрасонии тиббӣ, табобатию истироҳатӣ, манзилӣ, нақлиётӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ таъмин карда мешавад.
 
Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур 
 
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 16. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
 
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2015, 
№ 1259
 
ҚАРОРИ 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон           Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 9 декабри соли 2015, № 257
 
ҚАРОРИ 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2015, № 146