“Гургзода оқибат гург шавад...”

Эътимоду эътиқоду эҳтироми миллати барӯманди тамаддунтабори тоҷик давоми асрҳост, ки бо камоли боварии тамом дар нисбати корнамоиҳои шарафмандонаи фарзандони фарзонаву фарҳехтаи хеш сар аз қаҳрамонии Шоҳ Исмоили Сомонӣ то ба шумули Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон идома дорад.

“Гургзода оқибат гург шавад...”

Миллати тамаддунсозу тоҷдори тоҷик дарозои таърих тавониста тинати тозаи ботинашро аз ғаразҳои тирагуни танидаи торупудаш ботил созад, чаро ки дар ин фосилаи фаррохи пурпечутоби ҳамвору ноҳамвор, ки борҳо яксара ҳама тан ба куштан додему сар аз бадан барбод, вале асолату муқаддасот ва арзишҳои волои миллии хешро ба гӯшаи хаёл ҳам ба душмани бадсиришт набахшидему таслим низ наомадем, пас хиёнат дар нисбати Ватан дар хӯи фарзанди ин миллат аз кадум патакреша реша давонда? Ё ҳамчун тухми сияҳ аз батни ин миллат асло несту бас.

Боре аснои мутолиа аз рӯзномаи "Ҷумҳурият" матолибе пеши дидаам расид, ки яке ҳакиме бад- ин шеваву мазмуну муҳтаво ангошта буд, ки ту гуфтӣ, ангезабахши рӯҳу равонаму тушу тавонам шуд.

"Модарам аз Ховалинг асту падарам зодаи Дарвоз. Аммо солҳои бесарусомониҳои кишвар, ҳини ба пойтахт омаданам маҷбур шудам шиносномаамро нобуд созам, чаро ки агар ин намекардам, аз сӯйи гурӯҳҳои мусаллаҳи ба ному нишон номаълум аз кадом манотиқ буданамро агар мефаҳмиданд, маро ҳамоно нобуд мекарданд."

Илова бар ин, ҳарчанд банда (сипос ба Худо) он рӯзҳои мудҳишро бо чашми сар надидаам, аммо ифтихору виқорам аз он болост, ки ҳамсолу ҳамсозу ҳамнафасу ҳамзамони Истиқлоли меҳан ҳастам. Дар зеҳнам аз матолиби мухталифи мутолиаи кардаам ҳаккокӣ шуда, ки мо, миллати мо як бор ба васвасаву дасисахониҳои нохалафонаи адуи бадхоҳ ақлу ҳуш барбод додему гирифтори ваҳшати ҷангу ҷӯши таҳмилии сохтаи дасти касони номаълум гардидем. Ин таҷриба моро ба абад бас асту кофӣ. Ин меҳану сарзамину диёри бостонро, ки бо миллати ватанхоҳаш аз дудаи дури банури гузаштаи хештан ба мерос гирифта, магар пиндоштӣ, ки ба осониву содагӣ таслими як сарнагуниву сарсонии нобудӣ сохтем, қобили қабули ақлу дарк аст? Ҷанге, ки дар ёдномаҳои ҳар кадоми мо бо номи шуми “Ҷанги шаҳрвандӣ” муҳр шудаву то ҳоли ҳозир насли пушти сар карда, он рӯзҳои сахтро шояд ҳар шабе кобус мебинанду тарсидаву ваҳшатзада аз бистар бедор мешавад. Ҷанге, ки аз худ ҳазорон кушта боқӣ монду миллиони дигарро бехонумон кард.

Дар он солҳои басо мудҳиш садои фиғону нолаву фарёди модарони фарзандгумкарда, кӯдакони ятиммонда ва хонаводаҳои парешу лонаҳои хароботшуда бар гӯши фалак мерасиду гӯиё аз осмон ҳам бар сари мардуми аламдидаи тоҷик борони раҳмат намерехт. Тоҷикон ба шумули бархе аз соири миллатҳои Ховари Миёна бодиянишин набуданд, балки аз авоили салтанати нахуст давлатдории тоҷикон-Сомониён ҳарчанд дар бадали торихи чандсола борҳо мувоҷеҳи ҳуҷумҳову сарнагунсозиҳои қудратҳои бештар гардиданд, вале тамаддун, асолат, фарҳанг, забон, муқаддасот, таърих ва дигар арзишҳои бебаҳои худро гум накарданду дар натиҷа ба ворастагӣ расиданду аз самари заҳмату меҳнат ва ободкориву созандагиҳои хеш давлат сохтанду шаҳди саодат бофир чашиданд. Ва низ аз равзанаи ақлу хираду дониши кофии муосирашон ба чашми хирад нигаристанду хештаро ёфтанд.

Тӯли 70 сари сол фарзанди 7-уми коммунизм ё “угай”-и ҳокимияти Иттиҳоди Шӯравӣ будем ва баъди сар омадани ин кишвари бепаҳнои 15-гона, дар оғози солҳои худҳокимиятии давлатдории навини тоҷикон, сари қудрат падид омадани фарзонафарзанди ин диёр, марди ҷонфидои масири ободии Ватан, фарди ҷодаҳои рушноибахши арсаҳои зулмотӣ дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои ояндаи миллат ҳадяи Будгор буду бас ва шарофати дуову дурудҳои бепоёни модарони ғамзадаи тоҷик бар асари дарди ҷонкоҳи кашидаашон, ки ҳар тани тоҷикистонӣ як пораи ҷони худро ба хоки кишвари ҳамсоя Афғонистон супурданду бо қалби хеш ба маскану манзили бумии худ баргаштанд. Пас, агар ҳар фарде, ки ҳоли ҳозир ба сар мебараду ин ҳама ҷонфидоиву обокориву бунёдгузорӣ ва сулҳу субботу салоҳи комилро бо чашми сар намебинад, ё нобинои модарзод аст, ё Худои тори сар қалбашро кайҳо кӯр карда, ки дар нисбати Ватан хиёнатро раво мебинад.

Охир, эй хоин! Боре ба худ андеша намо ва аз гӯшаи хаёлу ақли расо назар афкану бубин! Бубин, ки дар кадом оёти қуръонӣ, дар кадом саҳифаи дарку фаҳмиши инсонӣ, дар таърихи кадом миллату давлатдории гетӣ дарҷ ёфта, ки кас аз хоке рӯиду сабзиду рушд ёфту аз саргаҳи он оби мусаффо нӯшид, ҷойи миннатпазириву шукргузориву намозхонӣ нисбати он хиёнатро раво бояд бинад? Дар фикру тахайюлу андешаи дилхоҳ банда ҳатто дар бадтарин ангора чунин пиндору рафтори нопоку ноҷавонмардона набояд давр бизанад.

Эй хоин! Боре андешидӣ, ки ҳар ғоте мо лоҷарам ба гӯши пандношунаву дили худобехабари ту мерасонем, ки кишвари мо, мардуми мо, миллати мо чӣ рӯзҳои сангинеро гузора кард ва дар бадали 30 сол ҳоло ҳам ба худ миёему захму ҷароҳатҳои қалбамонро даво мебахшем. Ту кай ба дарки ин ҳама мерасӣ, мерасиву инсон мешавӣ?!

Истиқлол ба сифати хушнудии ғайричашмдошт барои кулли тоҷикистонӣ вожаест муқаддасу арзишманд, чаро ки тӯли таърих мардумони даҳр ҳамвораву ҳамеша баҳри суботи комилу осоиштагии тамом талош кардаанд, то маъмангоҳу манзилгаҳи сулҳу амонӣ кошонаҳои эшон бошад. Барои дарки ин арзиши воло, яъне ба поси эҳтироми Истиқлол, сухану ҳарфе чанд гуфтан мебояд ва як раҳ ба гузаштаи чаҳор даҳсолаи ҳамсоякишвар-Афғонистони ғуттаи вартаи ҷангу хун назар андӯхт, ки сокинони ин сарзамини ноорому даргириҳои даҳшатбори амиқ дар интизори сулҳу салоҳ умри хешро сарфи рӯзи сафед додаанд.

Чиҳил соле муқаддам марди 50-солаи афғон бачаи 10-солаеро мемонд, ки дар асорати тиру туфанг орзуҳои андсолаи хешро барбод дод ва ҳанӯз ҳам зери сақфи самои кабуди ин кишвар, чеҳраи кавкабҳои ҷилобахшро хунпораҳо панаҳ кардаанду шабу рӯзҳо зулмонист. Бо ин ҳама ҷабру зулм, ҷангу куштор, қатлу садои тиру камон, вайронгариву зишткорӣ ва истибдоду ситампешагӣ ҳанӯз ҳам мардуми ин диёр барағми аъдои бадтинат дар инзивои эътиқоду зеботарин ангора интизори сафедии поёни шаби тор ва умеди осудагиву амонӣ ҳастанду дар ҳамин ҳаво ба сар мебаранд.

Ҳанӯз ҳазрати Фирдавсӣ дар "Шоҳнома"-и заволнопазиру нотакрори хеш дар ғояти ватанхоҳиву меҳанпарастӣ ва ҷонфидоӣ дар масири хештаншиносӣ бад-ин шеваи софу ноб фармуда буд:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Фирдавсии бузургвор дар ин маврид росту дурусту равон гуфтааст.

Дар баҳори Тоҷикистон лола мерӯяд, савсану санавбару нилуфару наргисро макон ин диёр аст, ёсуману қоқуву бунафшаву райҳон хоки ҳамин сарзамин ихтиёр кардаанд. Ҳар чор фаслаш баҳор аст. Ин ҳама ташбеҳу шумул фарзанди эҷоду тахаюл нест, хосту хоҳиши Худост, ки ин сарзамини ҷовидонро биҳишти офоқ баргузидааст.

Ҳоло ҳам дар нисбати фаъолияти фараҳмандонаи ин марди арсаи ториху ҳадяи Будгор боварии халқу миллаташ бедареғ бувад. Эмомалӣ Раҳмон аз нахуст лаҳазоти бар дӯш гирифтани масъулияти Сарварии ин сарзамин софу собит пухта медонист, ки дурахшонӣ, шукуфоӣ ва пешрафти як миллати андсола ба номусу виҷдон, сайъу талош ва ақлу донишу идроки ӯ вобаста аст. Бад-ин ҳама далелу мадраку дастакҳои кофӣ бо илҳому бардошти эҳсоси ватанхоҳӣ аз нажоди хеш дар шумори Коваи бузург, ки ҷойи дирафш пираҳани хешро бардошт, баҳри ободии Тоҷикистон камари ҳиммат барбаст.

Дар қиболу нисбати шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва низ пешвои хирадкеш ба шеваи бадӣ, номардӣ, нотавонбинӣ қаламкашеву суханваре як ҳарфу ҳиҷои бофтае рӯйи сафҳаеро бо каломи туҳмату буҳтон сияҳ созад, рӯйи худ сияҳ созад, ӯ чӣ соҳибқалам асту чӣ эҷодгар? Чаро ки ҳаққу ҳуқуқи маънавӣ нест варо бад-ин тариқ вожапардозӣ кунад. Аз кору пайкор ва фаъолияти нобоби ҳамчун ашхос метавон натиҷаву хулоса чунин бардошт, ки ин тоифа ҳама гӯлзадаи ҷозибаи фиребои каломи нозеби “хоҷагони хориҷӣ”-и хешанду андешаву афкори нопокашонро сари ҷавонони шарафманди мо бор кардан мехоҳанд, вале ҳиҷ ақли солиму сиҳат наметавонад ҳамчун андешаи пучро ба соддагиву осонӣ қабул фармояд. Аз нишоту фармонфармоии хеш ин қабил нопокдилон чашмҳои дилашонро кӯр кардаанду ақлҳояшонро барбод додаанд. Хешро далер пиндоштаанд ва ангоштаанд: ҷасур, ҷавонмард, тавонову ҳузарб, ғурурманду бовиқор ва чанд хусусияти вижаи як ҷавонмарди хосро ба номи худ сабт кардаанд. Вале, ҳайҳот, ки “нотавонбинони даҳр ба мақсад намерасанд”, ки онон кунун пеши ақлу дидаи мо сиккаеро бо навиштаи “хоину хиёнату хиёнаткор” соҳиб гаштаанд.

Ҳоло ҳам, ки ба мавриду ба ҷост, бояд иқрор оянд, ки фурсати фоши ҳоли фирефтагунаву фусунфораи ваъдаҳои сариаспакиву ченакии пучу холии “хоҷагон”-ашон фаро омадаву дигар ба шеваи лафзи шакарбори ҷодувонаи эшон кори хоингарӣ ранги дигар намегирад. Қабои донишу хираду афкори азалии мардуми бафаҳму ҳушманди тоҷик кайҳост, ки фаротари васвасаву вассофиву мадҳгӯиву санохониҳои бардурӯғи чанд тоифа аз хату марзи меҳан дурро ба гӯши сар дигар қабул фармуданро аз ихтиёри дарк дур рондаанд. Бояд иқрор шаванд, ки дар истифодаи хирад, мехостанд дар кору амалу дастуру хохишҳои барҷомондаи “хоҷагони хориҷи”-ашон по ба пойи Пешвои бузургвори миллати тоҷдору бовиқор дароз карда бошанд, вале ҳайҳот, ки гӯши пандношунавест эшонро.

Гӯянд, ки “гургзода оқибат гург шавад”, “дарахтро аз даруни худаш кирм мехӯрад”, ё “намаки хӯрдаашон аз хони ин модар кӯрашон месозад”-ро аз гӯшаи хаёлашон ба соате ба фаромӯшӣ надиҳанд.

Дар ахгараки зеҳну ҳуши суханнопазирашон фикри таъсису бунёди хонаи андешаи нопокро дар шууру тафаккури рушддидаи ҷавонони саодатманду софдили тоҷик хостанду хостанд, ки ин насли ватанхоҳу ватансози миллатро алорағми сулҳу субботу осоиштагии комили миллӣ шӯронанд, фикри бикри бачаҳои моро мисли ақли ҳароми худашон, ки гунаи ишками огандаи гандзадаро монад, табдил бидиҳанд, на, на ки мо ҳамвораву ҳамеша бар дифои андешаи хеш ҳозирему ҳозир, лобал гандгунаҳоро аз кулвори маонии хеш покиза месозем.

Бояд донисту эътироф карду бо ақли худодода пазируфт, ки мукофоти муътабаре моро агарчӣ сабру таҳаммул ва хештаншиносиву накукешӣ будааст, вале имрӯз ба дарку фаҳми он рафтем, ки ин тоифа хидматгузорону лаббайфармоёни “соҳибхоҷа” ба ҷони ҳама заданду кунун асрори дили нопокашон ҳот фош шуд, ки мақсаду марому моҳияти маҳаки масъалаи мехостаашон шӯрише дар рӯҳияи озодихоҳии мо будааст, “харашон аз об нагузашт”-у “по дар гил монданд”-у “худ кардаро даво нест”-ро эътироф кардан доранд.

Ҳароина ин тоифа, ки дар жарфои хотироти мо бо сифоти манфурвори сифлагону фурӯмоягон бо шеваи писанддидаву пазируфтаи табиати зотии нопоки худашон аз азал то аҷал боқӣ хоҳанд монд, пайваста аз вайронагӣ, зиштӣ, парокандагӣ ва бадӣ мехоҳанд дар қиболи мардуми шарафманди диёри дудаи дерину дури банури тоҷикон латма зананду чу захми носур неш бимонанд, чаро ки “неши каждум на пайи кин аст, муқтадои табиаташ ин аст”-ро метавон ба номи онҳо марбут дод.

Мо, ки ба иқрору исрори Пешвои муаззаму дастони миллати тамаддунсози хеш, ки ҳамвора бо рӯҳияи накӯкешиву ояндабинӣ пешорӯи мардуми сарбаланди тоҷик мудом таъкиду нома меварзанд, ки “Ватанамонро худамон обод месозем, касе аз берун омода, барои мо Ватан намесозад” ё “Роғунро бо нохунҳоямон меканем”, бояд аз ҳар калому шеваи гуфтори ӯ панд бигирему ба худ роҳи росту дурусту дақиқи зиндагӣ интихоб кунем, чаро ки дар вазъияти басо ҳассоси феълӣ, ки бархӯрди андешаҳову равияҳои мухталифи ҷомеаи ҷаҳониро ба бор оварда, набояд ба ҳиҷ ваҷҳу васила ба рӯҳияи озодихоҳи мо таъсири зишт гузорад, балки алорағми амалҳои баду сияҳи ин дасисабозону иғвоангезони ватанфурӯш мубориза барему “зиракии сиёсӣ”, дарку донишу фаҳмиш, “хиради азалӣ”-ву ҷавонмардии хешро ба дурустӣ истифода созем.

Ватандӯстӣ дар хунамон бояд бошад, бо шири модар ҷойи хуни мо дар рагҳоямон шарён дошта бошад. Бетарафӣ дар нисбати тақдиру қисмати як фард, ҳатто ҳоло, ки андеша аз хусуси ватану манзалати он аст, дар гирду гӯшаи тафаккур давр мезанад, бешарафист, чӣ расад ба хоинӣ?! Мо аз роҳи ақлу хираду шараёни хунамон дар ҷисму ҷон ва таппиши қалбамон, ки ҳамагӣ тоҷикона аст, ба назару андешаи як галлаи “хару хуку хутик, даррандагону девсуратону аҳримансифатон, ки ченаки инсониву фаҳмиши саводро ба сабки “чалла” ҳатто балад нестанд, ҳиҷ гӯшу ҳуш нахоҳем дод, чаро ки дар вуҷуде агар ҷаҳолат, бераҳмӣ, бемеҳрӣ ва гумроҳӣ чун падидаи номақбулу ноқабул реша ба патакреша дарвонда, ҳаргиз бӯйи умеди хушиву накуӣ нарӯяд.

Барои мусулмони тамом будану Худоро шинохтан, шарту зарур нест, ки мо бояд маъбадро бибӯсему худро миёни мардумони дигар ба сифати намунаи худнамоишӣ муаррифӣ созем. Гӯянд, ки фалонӣ ба хироҷи дунё меарзид, гӯем, ки ватандӯсту ватандӯстдорӣ ҳам ба хироҷи дунё меарзад.

Мардуми сарбуланду сарфарозу сар ба андешаи моро мебояд, ки дигар ҳарзаву беҳудагӯиву лаққиданҳои хоинонро ба фаромӯшхонаи ақлашон биспоранд, чаро ки ҳиҷ манфиату хубие аз онҳо нахоҳанд бардошт. Ин тӯдаи каргасҳои “мурдахӯр” мепиндоранд, ки бо ғайбату туҳмату тангназарӣ дар нисбати Тоҷикистони соҳиби Истиқлоли комил, ки аз сӯйи фармонфармоёнашон ваъдаҳои бунёди қасру кушкҳову манзилҳо ва зиндагӣ дар қабати 70-уми осмонро мегиранд, боре андешаи солим надоранд, ки “саге агар бо васвасаи соҳиби саги дигар ба умеди пораи устухони бузургтар пойи соҳибашро мегазад, кай мавриди боварии дигарон қарор мегирад”-ро дарк намекунанд. Бигузор, умедвор набошанду дар зеботарин ангораҳояшон ҳам тасаввурашро накунанд, ки онҳо вақте ба Ватан-Модари хеш хиёнатро раво бидиданд, пас ба садсолаҳои дигар ҳам орзуи пӯзишу бахшиш аз ин миллати барӯманду арҷмандро надошта бошанд.

Оне, ки сар аз соли соҳибистиқлоливу давлатдории навини тоҷикон то бад-ин сӯ дар саросари мамлакати аз вартаи навмедиву нобудӣ раҳоёфтаву комилсохтаи марди масири таърихи хеш тафовути замину осмон, пешрафту ободиву созандагӣ ва бунёдкориҳои кулро надидаву мушоҳида накарда, пас “ё одам нест, ё аз ин олам нест”, чаро ки дар гузораи ҳамагӣ 30 сари сол як ҷумҳурии парешу парокандаро ба як пораи мукаммалу солор расондаву мардумони онро сарҷамъ намудану зери сақфи сулҳу суботи пойдор ба сар бурдан, дар таърих кори кам касон будаву ҳамчун ғоя фарои савияи донишу хираду ҳушёрии марбути кам нафарон гардида, ки ба тамом ин моли Пешвои миллати мо будааст.

Ин марди арсаи таърих ба ҳайси як фарди дурандешу ватанхоҳу миллатдӯсту ободпеша тӯли буданаш дар симмати роҳбари давлат ва низ падари ғамгусори миллат, аз эҳтирому эътибор ва иззату икроми вижаи аҳли кишвараш чӣ ки, аҳли назару башар ба хубиву ченаки кофӣ бархӯрдор гардид. Ва сари ҳар фурсату ҳинни ҳар мулоқот ба гӯшу ҳуши насли ҷавони меҳанаш ҳамвораву ҳамеша таъкид бар он меварзад, ки ватандӯсти воқеӣ бошанду дар ҳиҷ таззоду марҳалаи зиндагӣ сӯйи Ватан-Модари ҷоноҷон санги маломат биафкананду хиёнату разолатро дар нисбати тақдираш асло раво набинанд, чаро ки Ватан моро доди Худост ва эҳтиром нагузоштани он ҳамчун зодгоҳи бумӣ гуноҳи азиму кабира аст. Ватанфурӯш аз кофару габру номусалмон, гузашта аз ӯ, аз тухми инсон низ нест,чаро ки ватандорӣ гӯшае аз имондорист.

Ин нигоштаам дарди маро бо дарди миллатам тавъам месозад. Боқӣ, боз хоҳам гуфт...

Муҳаррири  “Садои Душанбе”

Лутфуллои Азиз