22 –майи соли 2016 рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд. Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ҳамчун яке аз конститутсияҳои беҳтарин эътироф гардидааст. Ин пеш аз ҳама ишора ба он меъёрҳои Конститутсия мебошад, ки онҳо зербинои мустаҳками ҷомеа ва давлати демократиро гузоштаанд. Тағйиротҳои солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсия воридгардида ин меъёрҳоро боз ҳам мукаммал намуда, тибқи онҳо ҷомеа ба марҳилаи навбатии инкишофи худ ворид гардид. Минбаъд зарур аст, ки ин меъёрҳои Конститутсия бо дарназардошти тараққиёти минбаъдаи ҷомеа боз ҳам такмил дода шаванд, то ки мо ба марҳилаи навбатии рушди демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон комёб шавем. Бо ин мақсад ба якчанд меъёрҳои Конститутсия тағйироту иловаҳо пешниҳод шудаанд.