7 ноябр-Рӯзи театри тоҷик

«Театр ва дар маҷмӯъ фарҳанг дар ҳама давру замон таҷассумгари ҳувияти миллист. Маҳз фарҳанг, забон ва анъанаву суннатҳои нек асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медоранд».

  Эмомалӣ Раҳмон

 Ҳамасола 7 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ бори аввал дар ҳамин рӯзи соли 1929 театри тоҷик ба фаъолият оғоз намуд. Ин театри драмавӣ буд, ки баъдтар соли 1933 ба он номи адиб Абулқосим Лоҳутиро гузоштанд. Ба номи Лоҳутӣ гузоштани театр низ бесабаб набуд, зеро саҳми Абулқосим Лоҳутӣ  дар ташкил ва таъсиси театри тоҷик бузург буд. Ӯ аввалин адибе буд, ки драмаҳои Шекспирро маҳз барои ба саҳна гузоштан ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Соли 1929 ба театр унвони академӣ медиҳанд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар саҳнаи театри тоҷик намоишҳои  коргардонҳои театри Армияи Сурх, ки ба ақибгоҳ, ба Тоҷикистон фиристода шуда буд, намоиш дода мешуданд. Дар саргаҳи поягузорони театри тоҷик коргардони маъруфи рус Мителман қарор дошт, ки саҳмаш дар рушди театр ва ҷалби мутахассиони соҳа бузург аст. Ҳамроҳи ӯ коргардонҳои дигар низ барои таҳияи спектаклҳо ва омода сохтани ҳунарпешагони театр талош мекарданд. Дар ин давра спектаклҳои драматургони маъруфи ҷаҳон Софокл, Шекспир, Шиллер, Грибоедов, Чехов, Голдони ва дигарон рӯйи саҳнаи театри тоҷик  омаданд. Спектаклҳои «Отелло», «Эдип», «Шоҳ Лир», «Ромео ва Ҷулетта», «Дод аз дасти ақл», «Роҳзанҳо», «Хизматгори ду хоҷа», «Амаки Ваня» ва ғайра маъруфияту маҳбубияти вижа пайдо намуда буданд. Масалан, спектакли «Эдип» берун аз кишвари мо солҳои 90-уми қарни гузашта  дар саҳнаҳои бузурги давлати Русия намоиш дода шуд ва маъруф гашт. Коргардони таҳиягар ва иҷрокунандаи нақши асосӣ дар ин намоишнома  Ҳошим Гадоев бо мукофоти давлатии  ба номи Рӯдакӣ сарфароз гардонда шуд.

Ҳошим Гадоев дар ташаккули театри миллӣ нақши бориз гузоштааст, ки наметавон онро нодида гирифт. Ӯ ҳамчун ҳунарпеша тавонист санъати миллии театру кинои тоҷикро бурун аз марзҳо ба мухлисони зиёд муаррифӣ намояд. Он солҳо ба саҳнаи театри тоҷик ҷавонони соҳибистеъдод омаданд ва аксари онҳо аз мактаби коргардони маъруфи рус Мителман сабақ гирифта буданд. Миёни онҳо бонувон низ зиёд буданд, ки баъди гузашти солҳо номашон дар саҳифаҳои таърихи театр абадан сабт гардид. София Тӯйбоева, Туҳфа Фозилова, Хайрӣ  Назарова, Мушаррафа Қосимова, Тӯтӣ Ғаффорова, Марям Исоева, Сайрам Исоева, Тамара Абдушукурова, Дилбар Умарова, Фотима Ғуломова, Соро Сабзалиева, Савринисо Сабзалиева ва боз наслҳои баъдина дар пешрафти театри тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳар яке аз ин бонувони ҳунарманд мактаби вижаи худро дошт, ки солҳо дар саҳнаи театр ба тамошогарону мухлисон сабақи зиндагӣ меомӯзонд. Ҳаёту фаъолияти онҳо оинае буд, ки ҳама дар он худро медиданд ва сабақ мегирифтанд.

Солҳои баъдӣ барои рушду нумӯи театр озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявӣ ташкил шуданд. Дар заминаи ин гуна озмунҳо фаъолияти театрҳои мардумӣ ва касбии шаҳру навоҳии кишвар беҳтар гардид ва спектаклҳои нав ба нав рӯйи саҳна омаданд.

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Парасту» иқдоми хубе буд дар рушди театр ва кашфи эҷодкорони хушсалиқа. Ин озмуни фарҳангӣ имрӯз ҳам баргузор мегардад ва театрҳои шаҳру навоҳии кишвар бо спектаклҳои нави худ дар он иштирок мекунанд. Солҳои охир  коргардонҳо ва ҳунарпешагони шинохтаи тоҷик  бо чандин намоишномаҳои театрӣ дар фестивалу озмунҳои байналмилалӣ ширкат намуда, соҳиби ҷоизаҳо гардиданд. Фестивал-озмуни кишварҳои Осиёи Марказӣ «Наврӯз» ва фестивали байналмилалии  «Фаҷр» аз қабили он озмунҳои фарҳангиеанд, ки дар рушди санъати театрӣ ва ҳамкории эҷодии ҳунарпешагон  мусоидат мекунанд. Дар ин росто имрӯз  масъулони соҳа талош доранд, ки ҳарчи бештар иртиботи эҷодии коргардонҳою ҳунарпешагони театри тоҷикро бо ҳампешагонашон аз кишварҳои минтақа, Русия ва Аврупо густариш диҳанд. Бо назардошти муҳимияти ин санъати воло  Ҳукумату давлати Тоҷикистон пайваста баҳри ҳалли масоили соҳа тадбирҷӯӣ мекунанд, аммо ҳанӯз ҳам масоили умдаи театр ва ҳунарпешагон кам нест. Аз ин нигоҳ,  имрӯз масъалаи омода сохтани шароити зарурии кору эҷод, тарбияи мутахассисон, ҳунарпешагони ҷавон ва  таҳияи спектаклҳои муосир дар мадди аввал қарор дорад.

Таҷлили Рӯзи театри тоҷик дар айёми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анъанаи нек табдил ёфт. Дар ин рӯз ҳунарпешаҳо, режиссёрҳо, драмнависҳо, рассомон, бастакорон, тамоми аҳли театри кишвар ҷамъ омада, оид ба  дастоварду комёбиҳои эҷодии худ, бурду бохт, нақшаҳои оянда ибрози ақида мекунанд.

Боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми тоҷик ва ҳунармандони саҳнаи театр аст, ки  дар даврони соҳибистиқлолӣ дар дигар кишварҳо низ бо забони ноби тоҷикии хеш намоишҳои худро пешкаш менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо театри тоҷик дар ҳоли пешрафт қарор дошта, бо намоишҳои рангоранги худ қалби ҳазорон бинандаро тасхир мекунад. Ҳунармандони тоҷик имрӯзҳо бо барномаҳои рангоранг на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз кишвар низ мухлисону ҳаводорони зиёд пайдо намудаанд.

Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский низ баҳри ҳаводорони хеш асарҳои зиёд рӯи саҳна меорад. Аҳли ин театр моҳи апрели соли равон дар фестивали байналмилалии «Балтийский дом», ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия доир гардид, бо намоиши «Исповедь Омара Хайяма» иштирок намуд. Дар маҷмӯъ театр 114 намоишро ба 15 ҳазору 976 нафар шаҳрвандон ва меҳмонони шаҳри Душанбе манзур намудааст.

Дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов низ спектаклҳои  тозаэҷод саҳнавӣ шуда, ҳайати эҷодии театр ба шаҳри Қӯрғонтеппа сафари ҳунарӣ анҷом до два дар ин сол зиёда аз 137 намоиши театриро ба мухлисони санъат пешкаш намуд.

Кормандони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе имсол намоиши «Гурба, Рӯбоҳ ва Хирс»-и О.Журавлёваро дар таҳияи З.Ҷаводов, бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ намоиши «Наврӯзи зочабозон» ва «Теремок»-и В.Костинро ба саҳна гузошта, манзури тамошобинон гардониданд. Ҳунармандони театр ба ноҳияҳои Шаҳринав ва Варзоб сафари ҳунарӣ намуд.

Ҳоло дар кишвар ҳунармандоне ҳастанд, ки яке аз дигаре беҳтар нақш офарида, бинандагонро бо намоишҳои ҷолибу таъсирбахш сӯи театр мебаранд ва бо мавзӯъҳои доғи рӯз спектаклҳои диданӣ пешниҳод менамоянд.

Зарангези ЛАТИФ

АМИТ "Ховар"