Ифтитоҳи навбати дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ “Суғд Пак” дар шаҳри Бӯстон

Дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд Пак” ташриф оварда, дар вазъияти тантанавӣ навбати дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилениро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон бо оби нӯшокӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон бо оби ошомиданӣ иштирок намуданд.

Ифтитоҳи корхонаи дорусозии ҶДММ “Фарм Суғд” дар шаҳри Бӯстон

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи дорусозӣ ва маводи тиббии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарм Суғд” — ро

Страницы