Ҳисоботи Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Раҳмон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2014

      Ҳисоботи Раиси
  Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон А. Раҳмон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали
          соли 2014  ва  вазифаҳо  барои давраҳои  минбаъда

Фаъолияти кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва идораву муассисаҳои зерсохтори он дар нимсолаи аввали моҳи соли 2014 дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармон ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифта, баҳри амалӣ шудани барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар равона гардидаанд. Кумита  фаъолияти худро дар асоси «Самтҳои асосии таҳияи барномаҳои телевизион ва радио барои солҳои 2011-2014», Нақшаи кори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 ба роҳ монд.
Ҷараёни чорабиниҳои муҳими давлатию байналмилалӣ, инчунин маҷлиси васеи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки Президенти ҷумҳурӣ дар маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия, ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷашни 21-солагии таъсисёбии Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили 17-умин солгарди Ваҳдати миллӣ,   Рӯзи Модар, мулоқоти Сарвари Давлат бо зиёиёни кишвар, сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва дар машварати корӣ бо иштироки фаъолони соҳаи кишоварзии вилояти Xатлон, маросими гузоштани санги асосии биноҳои Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи бинои иловагии таълимии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бинои театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов дар сатҳи баланди эҷодиву ташкилӣ сурат гирифт.
Ҳамчунин, сафарҳои корию расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Беларус, Шоҳигарии Баҳрайн, Ҷумҳурии Малайзия, сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия, сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, баргузории Бизнес-форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Латвия ва Бизнес-форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Покистон инъикос карда шуданд.
Кумита оид ба омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи навбатии Созмони Ҳамкории Шанхай бо Ширкати технологияи электронии «Oпто Шензен»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати харидории монитор барои саҳнаи Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» шартнома ба имзо расонид ва як қисми маблағро пешпардохт намуда, барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани ин чорабинӣ иловатан 80  фоизи таҷҳизоти тақвияти овозро дастрас кард.
Ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ омода намудани барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ дар доираи чорабиниҳои Созмони ҳамкории Шанхай дастаҳои ҳунарии Кумита омодагии ҷиддӣ мебинанд.
Филми мустанади «Тоҷикистон ва СҲШ» омода шуда, ҳоло дар ҳоли тарҷума ба забонҳои русӣ ва англисӣ қарор дорад. Ҳамзамон, сенарияи филми «Нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар минтақа ва ҷаҳон» омода гардида, кор дар асоси ин сенария шурӯъ шудааст.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати барномаҳо ва ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи тамошобинон ҷадвали барномаҳои Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон қариб ба пуррагӣ иваз карда шуд ва беш аз 50 номгӯй барномаю бахшҳои (рубрикаҳои) нав рӯйи кор омаданд. Аз ҷумла, барномаҳои «Маснавихонӣ», «Симо», «Анвори хирад», «Созу рози ҷавонӣ», «Ҷавонон ва ҷомеа», «Ҳазору як гол», «Русто», «Дар паси сояҳо», «Ҳофизхонӣ», «Ганҷи нуҳуфта», «Бахтнома», «Ошкоро» барномаҳои нав буда, дар шакл ва муҳтавои тоза пешниҳод карда шуданд.
Яке аз чорабиниҳои муҳиме, ки аз ҷониби ҳайати эҷодии Шабака васеъ инъикос карда шуд, Ҷашни байналмилалии Наврӯз мебошад. Доир ба ин мавзӯъ зиёда аз 150 барномаю лавҳа ва ролику гузаришҳои идона пахш гардиданд. Ҳамчунин, тариқи барномаи иттилоотии «Ахбор» зиёда аз 150 гузориш аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат манзур карда шуд.
 Дар ин давра тариқи Шабака гузоришҳои мустақим аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
20-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ манзури тамошобинон карда шуд. Бахшида ба чорабиниҳои мазкур, аз ҷумла моҳияти Паёми Преиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат хабару гузоришҳо пахш гардида, дар баробари ин назари ҳамватанони бурунмарзӣ низ инъикос гардид. Видеофилми мустанади “Аз Паём то Паём”, силсилабарномаҳои “Тафсир”, “Маҷро”, “Иқтисод” ва “Набзи диёр” фарогири самтҳои гуногуни Паём буданд ва тавассути барномаи иттилоотии “Ахбор” зиёда аз 500 мавод пешниҳод гардидааст. Ба истиқболи 20-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ видеофилмҳои «Сипари боэътимод», «Ҷавҳари ватандорӣ», «Ҳомиёни ватан», «Сипари миллӣ» ва «Сутуни истиқлол» таҳия ва пахш гардиданд.
Аз рафти татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, истифодаи оқилонаи замин, рушди боғдорию картошкапарварӣ ва масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа тавассути барномаи иттилоотии «Ахбор» беш аз 700 хабар ва шарҳу гузориш пахш гардид.
Дар Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон ҷиҳати омодагиҳо ба мулоқоти Сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, силсилабарномаҳои “Меҳвари иттилоот”, “Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва “Тафсир” омода гардида, мавзуи мазкур мунтазам дар барномаи иттилоотии “Ахбор” инъикос карда мешавад.
 Ҳамзамон, вобаста ба мавзӯи мазкур дар барномаи русии «Суҳбат дар мавзӯи муҳим» («Актуальный разговор»)-и Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон намояндагони шаш давлати аъзои СҲШ, ки дар як конфронси илмию амалӣ дар Душанбе ширкат доштанд, андешаронӣ карданд.
Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар  нимсолаи аввали соли 2014 бахшида ба Рӯзи Модар барномаҳои идонаи «Накҳати лутф», «Зиндагиафрӯз», «Субҳи якшанбе», «Сабоҳ» «Хонадон» ва « 8 отифа»-ро омода ва манзури бинанадагон намуд.
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаҳои калонҳаҷми «Бадеҳа дар деҳа», «Муждаи само», «Дар ватани Наврӯз», «Наврӯзи адибон», «Вақт», «Мумтоз», «Башорат» ва нашрҳои алоҳидаи барномаи идонаи «Сабоҳ» манзур гардиданд.
Се барномаи ихтисосии таҳлилӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ва замон» таҳия гардид, ки асосан фарогири бандҳои алоҳидаи Паём буданд.
Дар самти инъикоси риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барномаҳои телевизионӣ ба монанди «Ҳукм», «Дар ин замона», «Дид» ва «Хонадон» омода ва пахш шуданд.
Бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ барномаи «Артиш» аз Маркази таълимии «Пойтахт»-и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ таҳия гардид, ки дар он сарбозону афсарон суханронӣ намуданд.
Ба истиқболи  Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаҳои «Ҳоло, ки ман  ҷавонам», «Башорат», «Гардиш», «Нози хаёл», «Вожазори маонӣ», «Панҷаи нанг», «Маориф ва ҷомеа» ва «Шаҳрофар» омода карда шуданд.
Идораи таҳия ва дубляжи филмҳои Муассиса тайи шаш моҳи сипаришуда 8 филми бадеӣ ва 24 филми мустанадро тарҷума ва пешниҳоди тамошобинон намуд. Инчунин, бахши филмофарии ин идора дар ин муддат филми бадеии «Фасли руъё» бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз, филми мазҳакавии «Бо як гул баҳор намешавад» ва филми бадеии «Нишона»-ро таҳия ва пешкаши бинандагон гардонид.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ ва мусоидат ба ташаккули фарҳангу маънавиёт дар ҷомеа Муассиса дар ҳамкорӣ бо телевизиони «Тулӯъ»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон лоиҳаи «JILO»-Маросими байналмилалии ҷоизасупорӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди фарҳанг ва санъати форсизабонони дунёро амалӣ намуд. Даври ҷамъбастии лоиҳа дар толори Муассисаи “Душанбе-Плаза” бо иштироки шахсиятҳои маъруфи фарҳангу ҳунар, ҳунармандони машҳур баргузор гардид.
Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» дар шаш моҳи соли 2014 фаъолияти худро асосан ба инъикоси ҷараёни созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунии муҳити зист, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷараёни омодагиҳо ба чорабиниҳои марбут ба ҳамоиши Сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе, 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 20-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими ҳисси худшиносию ватандӯстии мардум ва дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ равона намуд.
Мавзӯъҳои зикргардида қариб ҳамарӯза дар барномаи иттилоотии “Xабар” инъикос ва дар барномаҳои “Суҳбати рӯз”, “Иқтисоди миллӣ”, “Ислоҳоти маориф”, “Талош”, “Фарҳанг” ва “Файзи замин” ба таври муфассал матраҳ шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони эҷодии Муассиса барномаҳои нав ба мисли “Дидаи бедор”, “Иқлим”, «Суратнигор» ва “Ҳамрадифи тамаддун” таҳия ва пешниҳод гардиданд, ки онҳо масъалаҳои иҷтимоӣ, бахшҳои гуногуни соҳаи илм, тағйирёбии иқлими сайёра ва дигар масъалаҳои рушди ҷомеаро дарбар мегиранд.
Бахшида ба  Ҷашни байналмилалии Наврӯз беш аз 20 лавҳа, ролик ва гузаришҳо таҳия ва пахш гардиданд. Тантанаҳои ҷашни Наврӯз дар хориҷ аз кишвар, аз ҷумла дар шаҳрҳои Москва, Новосибирск, Новокузнетск, Кемеровои Федератсияи Россия, шаҳрҳои Лондон, Париж, Ню-Йорк ва  Торонто дар шакли барномаҳои алоҳида намоиш дода шуданд.
Ҳамчунин, ба муносибати 17-солагии Ваҳдати миллӣ барномаҳои «Сафои Ваҳдат», «Баргу сози коинот аз Ваҳдат аст» ва «Нури Ваҳдат» вижабарномаҳо таҳия гашта, аз тариқи Шабака пахш гардиданд.
Дар шаш моҳи соли 2014 дар Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон-Баҳористон» доир ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сужету гузоришҳо ва барномаҳои алоҳида таҳия гардиданд.    
 Дар барномаҳои «Хабар», «Як соат», «Танаффуси калон», «Биё ба бозӣ», «Гумон набаред», «Се духтаракон», «Калидчаи заррин», «Тақдир» ва «Дунёи меҳр» риояи ҳатмии қонунҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии  миллии талабагону донишҷӯён ва омӯзгорон,  мубориза  алайҳи ҷинояткорӣ,  уҳдадориҳои падару  модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, риояи расму оин ва анъанаҳои  миллӣ,  шарҳу эзоҳи қонунҳо дар  байни аҳолӣ, кам кардани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, оид ба касбомӯзии наврасону ҷавонон аз Маркази рушди истеъдодҳо дар барномаҳои «Хабар», «Як соат», «Ҳампаҳлӯ», «Танаффуси калон», «Истеъдод», «Пайроҳа» гузориш ва сужетҳо омода гаштанд.
Бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ барномаҳои  калонҳаҷми  «Як рӯзи сарбоз», «Омадем, бубинем», «Таҳамтан», «Танаффуси калон», «Шафақ», «Ғунча», «Ҳафтранг», «Як соат» ва ба муносибати ҷашни 20-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ барномаи «Омадем, бубинем» бо иштироки ҳунарпешагони шинохтаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуданд. Озмуни навбатии рассомони наврас таҳти унвони «Мо - ҳимоятгари Ватан!»  анҷом ёфт, ки дар он 1920 нафар ширкат варзида, қариб 4470 расм намоиш дода шуд.
Дар бобати мусоидат ба тарғиби варзиш, баланд бардоштани завқи бадеии кӯдакону наврасон, тарбияи онҳо дар руҳияи инсондӯстию ватанпарварӣ барномаҳои «7 рӯзи варзиш», «Таҳамтан», «Калидчаи заррин», «Гурдофарид», «Ҳафтранг» ва «Ғунча» таҳия ва пахш мегарданд. Вобаста ба болобарии завқи зебоипарастии  кӯдакону наврасон ҳар бегоҳ ролики «Се духтаракон» манзур мегардад. Оид ба  омӯзиши таърихи ниёгон, касбу ҳунар, ҷашну маросимҳои мардумӣ бахшҳои «Як анъана», «Як чеҳра», «Як воқеаи таърихӣ» ва «Нигора» пешкаши бинандагон мегарданд.
Бахшида ба ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 600-солагии Ҷомӣ пайваста саҳифаҳои алоҳида тавассути намоиши «Як соат»  пахш гардида, пораҳои шеърӣ ва ҳикоятҳо  дар шакли алоҳида дар қироати адибону ҳунармандон пешниҳод мешаванд.
Дар барномаҳои «Хабар», «Як соат» ва «Гулхан» дар робита ба истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон аз истироҳгоҳҳои «Қаратоғ», «Чайка», «Обшорон», «Зимчруд», «Орбита» сужаву гузоришҳо пахш шуданд.        
Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он низ чорабиниҳои сиёсиву фарҳангиеро, ки тайи  шаш моҳ дар кишвар доир гардиданд, сари вақт инъикос намуданд.
Ба истиқболи Наврӯз дар Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он барномаҳои «Пайки аҷам»  «Наврӯзи сабо», «Оинҳои наврӯзӣ», «Пайки баҳор», «Наврӯзи ниёгон», «Фархундапайк», «Накҳати наврӯз»,  «Гулшани наврӯзӣ»,  «Қомуси наврӯз», «Падидаҳои наврӯзӣ»,  «Ҳафт  навои  наврӯзӣ»,  «Нози наврӯз», «Накҳати баҳор»   таҳия ва пахш гардиданд. Ҳамзамон, аз шаҳру навоҳии мамлакат, бахусус, аз иштироки Сарвари Давлат дар чорабиниҳои наврӯзӣ дар шаҳру ноҳияҳои  мамлакат  хабару гузориш ва мусоҳибаҳо садо доданд.
Ташреҳи нуктаҳои Паёми соли 2014 пайваста  аз тариқи  барномаҳои  таҳлилии  шабакаҳои радиоӣ ба таври назаррас  дар гуфторҳои  «Маҷро», «Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳон»,  «Парламент», «Олами иқтисод»,  «Фарҳанги растагорӣ», «Самт», «Суҳбат дар мавзӯи рӯз», «Инъикос», «Даври суфра», «Парчини розҳо», «Дурнамо», «Дар суҳбати соҳибдилон», «Бақои ҷавонӣ» ва «Олами андеша» сурат гирифт.
Рафти татбиқи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, истифодаи оқилонаи замин, рушди боғдорию зироаткорӣ  ва ғайра тавассути барномаҳои «Суҳбат дар мавзӯи рӯз», «Тафсири рӯз», «Арзу тӯли иқтисод», «Маҷро» ва «Кишоварз» таҳлилу баррасӣ шуданд.
Дар гуфторҳои шабакаҳои радиоӣ бахшида ба 20-солагии Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи нақшаи тасдиқгардида барномаҳои «Сарқонун – кафили ҳуқуқу озодиҳо» ва гуфтор бо номи «Сарқонуни ман – сарнавишти ман»  мунтазам садо медиҳанд.
Ҳамчунин барномаҳои нав, аз қабили «Фурӯғ», «Дурдона»,  «Парвози илҳом», «Сеҳри синамо», «Суруди зиндагӣ», «Сафинаи сафед», «Мусиқӣ ва ҷаҳони муосир», «Бо моҳу парвин», «Сипеҳри наво», «Ганҷе аз  ганҷӯр», «Зӯҳраи навогар», «Навои чашмасорон», «Орази  наво», «Мутриби ишқ», «Меъёр», «Асрори матбах», «Фарҳанги растагорӣ», «Рушд», «Пурсишу посух», «Навгониҳои маориф», «Пандомӯз», «Тавлиди ҳунар», «Ҳадаф», «Мероси ниёгон», «Туризм дар Тоҷикистон», «Ганҷи ниёгон», «Ганҷинаҳои таърих», «Панди хирадмандон»,  «Дар олами савту наво»,  «Бонувон  дар гулшани адаб»,  «Мо ва табиат»,  «Сайри маънӣ», «Мо ва ҷаҳон», «Ангубин» ва «Ганҷинаи ҳастӣ»  ба  ҷадвали  пахши  барномаҳо  ворид  гардиданд.
Дар ин давра дар ҳамдастӣ бо ҳунармандони касбӣ се намоишномаи театрӣ, аз қабили «Шабе дур аз Ватан» (аз рӯйи ашъори Бозор Собир), радиотеатри «Бикуш маро, ҷонакам» (аз рӯйи асари нависандаи турк Азиз Несин дар тарҷумаи Низом Қосим) ва «Рӯзе дарозтар аз қарн» (аз рӯи асари ҳамноми Ч. Айтматов) сабт ва пешниҳоди шунаванда гардиданд.
  Дар шаш моҳи соли 2014 аз ҷониби кормандони эҷодии Идораи телевизион ва радиои ВМКБ зиёда аз 20 очерку  лавҳа  ва дигар  жанрҳои рӯзноманигорӣ перомуни  ҳаёту  фаъолияти  ҷаҳонпаҳлавонони тоҷик пахш гардиданд.
Бахшида  ба  ҷашни Артиши миллӣ  тариқи телевизиони вилоят  миёни  кӯдакон  ва  наврасон  дар мавзӯи «Ҳомии  Ватан»  озмуни расми беҳтарин баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 900 нафар ширкат варзида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд. Ҳамзамон, дар озмуни ҳунари доирабазм «Дуҳули наврӯзӣ» зиёда аз 30 дастаи ҳунарӣ ширкат варзида, ғолибон бо туҳфаҳои наврӯзӣ қадр карда шуданд.
Ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Фарвардин»  филми мустанад дар ҳаҷми 50 дақиқа  таҳия карда шуд. Ҳамчунин, хатнасурҳои кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд, кӯмакҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон дар доираи ҷашнҳо хабару гузоришҳои саривақтӣ пешниҳод гардиданд.    
Дар барномаҳои радио ва телевизиони вилоят масъалаҳои волоияти қонун, тарбияи ҳуқуқии  шаҳрвандон, нақши Зан-Модар, ҷавонон, одамони барӯманди диёр дар пешрафти ҷомеа низ инъикоси худро ёфтанд. Дар барномаҳои «Инсон ва қонун», «Қонун ва ҷомеа», «РКД хабар медиҳад» оид ба масъалаҳои вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ, нашъамандӣ, моҳияти қонунҳо кормандони мақомоти  прокуратура, суд, раёсати корҳои дохилӣ иштирок ва андешаҳои худро иброз  доштанд.
Кормандони эҷодию техникии Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон тибқи нақшаи чорабиниҳои эҷодӣ тавассути барномаи иттилоотии «Ахбор»  дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ доир ба муҳимтарин мавзӯъҳои марбут ба ҳаёти ҷомеа, аз қабили татбиқи амалии  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хабару гузоришҳо таҳия ва пахш намуданд.
Ҳамчунин, тариқи барномаҳои калонҳаҷми телевизионӣ ва радиоии «Файзи замин», «Рушди соҳибкорӣ», «Замон ва иқтисод», «Кишоварз» ва «Замон» доир ба корҳои ободонию созандагӣ дар вилоят гузоришҳо, лавҳаю очеркҳо пахш гардиданд.
Доир ба  инкишофи соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳанг  барномаҳои «Шифо», «Солимии ҷомеа», «Чароғи маърифат», «Забон ҳастии миллат» рӯи кор омаданд. Барномаи «Зан ва  зиндагӣ» аз ҳаёти занони вилоят ва  мавқеи зан дар ҷомеа  ҳикоят мекунад.
Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд низ дар давоми шаш моҳи соли равон дар рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят, баланд бардоштани худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои волои ниёгон ҳиссаи худро гузошт.
Дар ин давра оид ба компютеркунонии мактабҳои қаламрави вилоят, амалиёти «Кӯкнор-2014», Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва истифодаи дурусти лампаҳои каммасраф барномаҳои «Қарор ва иҷрои он», «Дастур», «Дар бораи андоз»,  «Суҳбати рӯз», «Ҷомеа ва телевизион», «Пайки ҷавонӣ», «Равзанаи меҳр», «Фурӯғи шом», «Меҳрангез», «Мизони қонун», «Инсон ва қонун» таҳия ва пахш гардиданд.
Ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаҳои «Фарҳанг ва ҳунар», «Равзанаи меҳр», «Фурӯғи шом», «Садри мухлисон» пахш шуданд. Ҳамзамон, аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят барномаҳои идонаи наврӯзӣ сабт гардида, тариқи телевизиони вилоят ва Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон пешкаш карда шуданд.
Телевизиони вилояти Суғд кастинги наврасону ҷавонони боистеъдоди вилоятро аз рӯи бахшҳои сарояндагӣ ва навозандагӣ доир намуд, ки дар он аз 18 шаҳру навоҳии вилоят зиёда аз 300 нафар довталаб ширкат намуданд.
Телевизиони Кӯлоб ҷиҳати амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», оид ба беҳтар ба роҳ мондани соҳаи таълиму тарбия, зарурияти омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва фанҳои дақиқ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, озмуну чорабиниҳо ва олимпиадаҳои фаннӣ, алоқаи падару модарон бо мактаб ва бо нақлиёти шахсӣ  ба дарс омадани донишҷӯён барномаҳои «Муошират»,  «Мусоҳиба», «Ҳамадон», «Анвори дониш», «Ҷавонон ва ҷомеа», «Донишҷӯ», «Касбам ифтихори ман аст» ва «Ҳамсол»-ро таҳия ва пахш намуд.
Гурӯҳҳои эҷодии Телевизиони Кӯлоб аз баргузории  чорабиниҳои  наврӯзӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Мӯъминобод, Ховалинг ва Шӯрообод гузоришҳои муфассал таҳия намуда, барномаи  театрикунонидашудаи ҳунармандонро ба шабакаҳои телевизионии марказӣ барои пахш дар эфир ирсол намуданд.
Мутобиқи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти  субъектҳои хоҷагидор»  ва Нақшаи кории Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ дар нимсолаи якуми соли 2014 кормандони Бозрасӣ якҷоя бо кормандони КВД КВ «Тоҷиккино» дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода рейдҳои муштарак  гузаронида, аз натиҷаи он санадҳо тартиб доданд. Зиёда аз 30 ҳазор адад фиттаи ғайриқонуние, ки дар натиҷаи рейдҳо мусодира гардиданд, дар асоси хулосаи комиссияи муштарак нобуд карда шуданд.
ҶСК “Телерадиоком”  дар нимсолаи аввали соли 2014 фаъолияти худро дар самти таҷдиди таҷҳизоти  куҳнашуда, азнавбарқароркунӣ, насбу  таъмири фиристандаҳои радиотелевизионӣ, антеннаҳои пахши мавҷҳои радиоӣ, танзими антеннаҳои қабулу пахшкунандаи моҳвораӣ,  дастрас намудану иваз кардани қисмҳои эҳтиётӣ, гузаронидани корҳои профилактикии фиристандаҳову таҷҳизоти барқӣ ва амалӣ намудани “Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2010 – 2015”  идома дод.
Аз ҷониби мутахассисони ҶСК “Телерадиоком” дар бурҷи Н-190 метр барои баланд бардоштани қудратнокии фиристандаҳои амалкунандаи рақамии шаҳри Душанбе антеннаи АС-8 ба антеннаи АС-32 иваз карда шуд. Дар натиҷа шиддатнокии мавҷи фиристандаҳои рақамӣ  ду баробар зиёд гардид.
Айни замон иҷро намудани давраҳои “Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2010- 2015” идома ёфта истодааст.
Ҳангоми фароҳам шудани имконияти молиявӣ ҶСК “Телерадиоком” тасмим гирифтааст лоиҳаи ташкил намудани хатҳои радиорелегиро дар самти Душанбе – Хоруғ – Кулма оғоз намояд.
Ҳамчунин тибқи нақшаи чорабиниҳои корхона Ҷамъият дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар минтақаҳои аҳолинишини наздисарҳадӣ зиёда аз 6 фиристандаҳои радиотелевизионӣ барои Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ “Сафина” ва ТВ “Хатлон” васлу насб намуда, ба истифода дод.
Дар давраи ҳисоботӣ студияҳои телевизионии ТВ “Хатлон”, ТВ “Кӯлоб”, ТВ “Суғд”, ҳамчунин “Симои мустақил – 1 (СМ-1)” ва ШТР “Азия” бо таҷҳизоти рақамӣ пайваст карда шуда, ҳоло аҳолӣ онҳоро дар формати рақамӣ тамошо карда истодаанд.   
Нишондиҳандаҳои фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои марказӣ то 01.07.2014 чунинанд:


 

Нишондиҳандаҳои фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши рақамии барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизион то 01.07.2014 чунинанд:

Нишондиҳандаҳои фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо барномаҳои шабакаҳои давлатии радио дар мавҷи FM то 01.07.2014 чунинанд:

Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ фаъолияти худро дар асоси оинномаи худ ба роҳ мондааст. Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ   ҳаҷми  истифодабарии  таҷҳизоти техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ чунин мебошад:

Дар ин муддат ҷиҳати дар сатҳи баланд инъикос намудани чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ як адад камераи наворбардории Z5 барои сехи танзимгарон ду адад компютери ғайрихаттӣ ва як адад компютер харидорӣ карда шуд.
Инчунин, барои ТВ «Хатлон» як студияи сайёр дар базаи нақлиёти тамғаи «Газел» дастрас карда шуд.
Аз оғози соли равон аъзои Шӯрои бадеии Киностудияи «Тоҷикфилм» бештар аз 40 филмномаро, аз қабили филмномаҳои «Муаллим», «Садбарг», «Гунҷишкаки сафед», «Ҷода», «Парӣ аз паси кӯҳи Қоф» барои истеҳсол ҳамчун филмҳои ҳунарӣ тавсия намуд.
Бо мақсади дастгирии ҷавонони завқманд Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» наворбардорӣ,  таҳия ва танзими филмҳои кӯтоҳи «Қатора», «Ломакон», «Гунҷишки сафед»-ро ба анҷом расонид.
Дар ин давра наворбардории силсилафилми «Як ҷаҳон аз ману ту» дар шаҳру навоҳии ВМКБ ва вилояти Суғд  ба анҷом расида, имрӯзҳо танзим ва банду басти он  идома дорад.
Ҳамчунин, наворбардории филми ҳунарии «Муаллим» бо ҷалби ситораҳои синамои хориҷӣ ва дохилӣ, силсилафилми ҳунарии «Парӣ аз паси кӯҳи Қоф» дар мавзеъҳои зебоманзараи Тоҷикистон шурӯъ гардидааст.
Бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ филмҳои мустанади «Марзбони Ватан», «Бешаи палангон», «Парки миллии Бадахшон» таҳия ва танзим гардиданд.
Соли равон истеҳсоли 3 филми мустанади муаллифӣ, ду филми ҳунарии муштарак бо киноматографистони Ҷумҳурии Қазоқистон ва Туркманистон ба нақша гирифта шуда, барои наворбардории филмҳои мустанад бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Конибодом, Исфара, Қайроқум, Истаравшан, ноҳияҳои Ашту Мастчоҳ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.
 Бо мақсади ба талаботи меъёрҳои наворбардорӣ мутобиқ намудани майдончаи наворбардории «Симиганҷ» имрӯзҳо дар ин мавзеъ корҳои  азнавсозӣ идома доранд.
Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» тӯли шаш моҳи соли 2014 даҳ утоқи кориро барои шуъбаҳои навтаъсиси кирояи филмҳо таъмир намуд, ки дар оянда бо  технологияи нав муҷаҳҳаз гардонида мешаванд. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ ташкили намоиши ҳамарӯзаи филмҳои ватанӣ ба роҳ монда шуд.
Тибқи нақшаи тартибдода бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдату Рӯдакӣ санҷиш гузаронида, якчанд студияҳои ғайрирасмие, ки ғайриқонунӣ ба истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ машғул буданд, ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. 30 000 (сӣ ҳазор) адад фиттаю филмҳои пастсифати ғайриқонуниро, ки дар давраи санҷиш мусодира шуда буданд, дар дастгоҳ бо тариқи реза кардан  несту нобуд карда шуданд.
Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» ҷиҳати татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» ва «Барномаи рушди кино барои солҳои 2011-15» як қатор барномаҳои консертӣ ва  филмҳоро ба мисли «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», достони гуруғлисароии «Ба Ҷамбул ҳуҷум кардани Райҳонараб», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ», «Умари Хайём», ва «Спитамен»-ро нусхабардорӣ намуд.
Дар шаш моҳи сипаригардида асарҳои тозаэҷоди ҳунармандони дастаҳои ҳунарии «Дарё», «Шашмақом», «Фалак», «Гулрез» ва «Ориё»-и Кумита  тариқи радиову телевизион ва толорҳои консертӣ пешкаши ҳаводорони санъат гардиданд. Дар ин давра ҳунармандони ансамблҳои “Шашмақом”, “Фалак”, “Дарё”, “Ориё” дар толори “Кохи Тоҷикистон” консерти муштарак бо унвони “Ошёни меҳр” намоиш доданд. Ҳамаи дастаҳои ҳунарӣ дар барномаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз,  Рӯзи «Шашмақом», 20-солагии Қӯшунҳои сарҳадӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Дар ин давра Кумита Ёддошти тафоҳум миёни Раёсати умумии радио ва телевизиони миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.03.2014 ш. Кобул) ва Созишнома байни Ширкати миллии давлатии телерадиошунавонии Ҷумҳурии Беларус ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро (24.05.2014 ш. Минск) ба имзо расонид.
Кумита бо як қатор ширкатҳои хориҷии соҳаи телевизион ва радио, аз ҷумла, лоиҳаи созишномаҳои ҳамкориро бо Ҷамъияти саҳомии «Телевизион ва радиошунавонии Озарбойҷон», Кумитаи  давлатии телевизион, радио ва киномотографияи Туркманистон, Агентии хабарҳо ва барномаи телевизионии Ҳиндустон ITMN, Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии Украина ва лоиҳаи Барномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустонро дар соҳаи филмбардорӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ фиристонд.
Тибқи Нақша – чорабиниҳои Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумита дар Ҷашни  байналмилалии Наврӯз  ва  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак ба мактаби  махсусгардонидашудаи шабонарӯзии  бемориҳои  чашми  ноҳияи  Синои   шаҳри   Душанбе кӯмаки моддӣ расонида, хатнасури 44 нафар фарзандони кормандони зерсохторҳои Кумита барпо карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ 74 нафар ба кор қабул гардида, 81  нафар тибқи гузариш табдили вазифа намуданд. Аз 72 нафар 38 нафар бо хоҳиши худ, 34 нафар бинобар расидан ба синни ниҳоии нафақа ва ба итмом расидани муҳлати шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ аз  кор озод карда шуданд.
160 нафар ба рухсатии ҳарсолаи меҳнатии пардохтшаванда ва 58 нафар ба рухсатии иҷтимоию бемузд баромаданд.
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва дигар идҳои касбӣ 59 нафар корманд бо нишони сарисинагии «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон», 90 нафар корманд бо «Ифтихорнома»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз  гардонида шуданд.
Бо мақсади таҳкими сохтори кадрӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати барномаҳои телевизиону радио ва ҷалби васеи мутахассисони болаёқат барои ишғоли вазифаҳои муҳаррир, шореҳ, коргардон, наттоқ, наворбардор, продюссер, дизайнер, менеҷменти реклама, масъули сомона озмун гузаронида шуд. Дар натиҷа аз 30 довталаб 4 нафар, ки ба талаботи озмун мувофиқат мекарданд, дар Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон ва шабакаҳои Радиои Тоҷикистон ба кор қабул карда шуданд.
Инчунин, барои ишғоли мансабҳои холии маъмурию хизматӣ озмун гузаронида шуд ва аз 22 нафар довталаб 7 нафар ба мансабҳои гуногун таъйин гардиданд.
Ба Кумита аз оғози соли ҷорӣ 1141 ҳуҷҷат, аз ҷумла, 5 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 Фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 43 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 295 супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 41 Протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 Қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 662  адад мактуб аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва 30 ариза аз шаҳрвандон ворид гардида, ба 10 ариза  ҷавоби хаттӣ дода шуд. Муроҷиатҳои боқимондаи  шаҳрвандон дар ҳолати баррасӣ ва андешидани чораҳо қарор доранд.
Аз мактубҳои воридшуда  ба 205 адад мактуб ҷавоб фиристода шуда,  мактубҳои боқимонда  барои баррасӣ ба зерсохторҳои Кумита ирсол карда шуданд.
 Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, намоишу гуфторҳои наву ҷолиб пешниҳод  менамояд.