Ҷамъбасти даври ниҳоии «Овози тиллоӣ- 2014»

Лоиҳаи озмуни ҷумҳуриявии «Овози тиллоӣ- 2014», ки тӯли 6- моҳ бо дастгирии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон– Баҳористон»миёни наврасону ҷавонони аз синни 10 то 20 сола ҷараён дошт, санаи 19- уми июли соли 2014 бо муваффақият ҷамъбаст гардид. Маросими бо тантанаи супоридани ҷоиза ва тӯҳфаҳои хотиравӣ ба ғолибони озмун дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе бо иштироки сарпарастон, адибон, устодони санъати кишвар ва наздикону пайвандони иштирокчиён сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки даври интихобии озмун барои иштирокчиёни тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятхои Суғд, Хатлон, води Рашт ва шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он 2024 – нафар кӯдакону наврасони хушзавқ ва дорои маҳорату истеъдоди баланди овозхонӣ дошта ширкат варзиданд.
Дар маросими ҷамъбастӣ Асадулло Раҳмон  - раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлатзода Зевар Маҳмудӣ - директори муассисаи давлатии телевизиони кӯдакон ва наврасон «Баҳористон» ғолибони лоиҳаи озмуни «Овози тиллоӣ»-ро табрик намуданд. Аз ҷумла, Асадулло Раҳмон зикр намуд, ки баргузории озмуни «Овози тиллоӣ» барои дигар шабакаҳои телевизионии кишвар намунаи ибрат аст. Ҳамчунин қайд намуд, ки ғолибони даври ниҳоии озмун дар оянда парчамбардори фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик хоҳанд гардид.
Ҳамин тариқ, пас аз сипарӣ шудани 4 - даври он, 9 – нафар беҳтаринҳо аз ҷумла Шодибеки Ҳусейн ва Алиакбари Аслиддин аз ноҳияи Ҳисор, Абдурауф Юсуфов ва Исҳоқи Шамсулло аз шаҳри Турсунзода, Шаҳриёр Ҳабибов,  Амирxон Муродов ва Кароматулло Ҳабибуллоев аз шаҳри Душанбе ғолиб дониста шуданд. Ҳамзамон 2 –нафар иштирокчӣ- Фарзона Раҳимова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд  ва Эмомалӣ Мирзобаротзода аз шаҳри Турсунзода аз  зумраи нафароне дониста шуданд, ки воқеан ҳам дар ҷодаи сурудхонӣ то ҷое дарк ва фаҳмиши баланд доштаанд ва ба рўихати гирандагони тӯҳфаи махсуси доварон шомил гардиданд.
Инчунин 6 –нафар роҳхати идомаи таҳсил дар муасисахои касбии соҳавии кишварро соҳиб шуданд. Аз ҷумла, Абдурауф Юсуфов, Исҳоқи Шамсулло, Зайнаби Файзулло, Манучеҳр Ҳоҷиев ва Шоҳсанам Юсуфова дар Консерваторияи миллии Точикистон ба номи Талабхўҷа Сатторов ва Эмомалӣ Мирзобаротзода дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии миёнаи махсуси санъати мусиқии ба номи Миратулло Атоев таҳсилашонро идома хоҳанд дод.
Бояд қайд намуд, ки ғолибони озмуни «Овози тиллоӣ» - 2014 бо калиди мусиқавӣ ва дипломи ғолибият, тафдони микромавҷдор, чангкашак, яхдон, телевизори плазмавӣ, ДВД-плейр, микрофони рамзии сангӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки Телевизиони «Баҳористон» тавонист тавассути ин озмун садҳо истеъдодҳоро кашф кунад ва дар тӯли 5 -соли баргузории лоиҳа 54 -  нафар ба ғолибият ва 8 - нафар ба ҷоиза ва мукофотҳои махсус шарафёб гардиданд.
Ҳамзамон, масъулини озмун тавонистанд дар ин солҳо  дар самти ба имтиёзи махсус дохил шудани аксари ин ғолибон ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхўҷа Сатторов, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов, мактаб-интернати ҷумҳуриявии миёнаи махсуси санъати мусиқии ба номи Миратулло Атоев ва дигар коллеҷу мактабҳои мусиқии шаҳру ноҳияҳо саҳм гиранд.